Раёсати маорифи шаҳри Душанбе ният дорад, ки дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ телефонҳо насб намояд, то ки падару модарон зимни ҷараёни хониш бо фарзанди худ дар тамос шуда тавонанд.
Сардори Раёсат Ҳамидулло Фақеров ин маълумотро тасдиқ намуда, иттилоъ дод, ки ахиран аксари волидайн ба мактабҳо арзу шикоят мекунанд, ки баъди манъи истифодаи телефонҳои ҳамроҳ (мобилӣ) дар мактабҳо бо фарзандони худ дар робита буда наметавонанд ва имкон надоранд, ки мудом аз ҳозир будани онҳо дар машғулиятҳо огаҳӣ дошта бошанд.
«Ин масъала алҳол мавриди омӯзишу таҳия қарор дорад ва насби чунин телефонҳо дар ҷойҳои дастрас ба кӯдакон, ташкили навбатдорӣ барои озодона ба ин рақам занг задани падару модарон ва маълумот дастрас кардан дар бораи фарзандонашон дар назар аст», - иброз дошт Фақеров.
Ба гуфтаи ӯ, дар ин маврид ҳамчунин масъалаи харидани телефонҳои ҳамроҳи арзон дар сурати камбуди телефонҳои симдор низ дар назар буда, хизматгузории мазкур бепул хоҳад буд.
Зимнан зикр гардид, ки Раёсати маорифи пойтахт инчунин ҷорӣ намудани портали электронӣ барои муассисаҳои таълимӣ, ки аз журналҳои электронӣ бо дастрасии махсус барои падару модарон ва ирсоли смс-паёмакҳо иборат аст, низ дар назар дорад. «Агар кӯдак ба дарс ҳозир нашуд, маъмурияти мактаб ба падару модари ӯ дар ин бора смс-паёмак мефиристад», - афзуд номбурда.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста