Чанде қабл раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Қироншоҳ Шарифзода дар кори пленуми Суди олии Тоҷикистон ширкат варзид, ки дар он масъалаҳои марбут ба мурофиаҳои кушоди судӣ ва дастрасӣ ба маълумот дар бораи фаъолияти судҳо баррасӣ шуданд.

Раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки зимни суханрониаш ӯ ба ҷой доштани мухолифатҳо дар қонунгузории ҷумҳурӣ оид ба иштироки журналистон дар мурофиаҳои кушоди судӣ ишора намуда, пешниҳод кардааст, ки то ислоҳи ин ихтилофҳо бо қарори пленуми Суди олӣ мақоми ҳуқуқии намояндагони ВАО дар чунин мурофиаҳо муайян карда шавад.

Ба гуфтаи ӯ, дар тавсияҳои пленуми Суди олӣ таъкид мегардад, ки дар мурофиаи кушодаи судӣ шахсоне низ иштирок карда метавонанд, ки иштирокчии мурофиаи судӣ нестанд, аз ҷумла журналистон.

«Аксбардориву сабти видеойӣ дар чунин мурофиаҳо танҳо пас аз иҷозати судяи раисикунада дар ин мурофиа имконпазир аст», - қайд кард Шарифзода.