Барномаи суғуртавии «АМАЛ»-и ширкати «Суғуртаи миллӣ» пардохти то 80-%-и мабалги табобати табобати шуморо ба уҳда мегирад.

Барнома замимаи ҳатмии Қоидаҳои суғуртаи ихтиёрии тиббӣ буда, масоили зайлро танзим менамояд:

Бо пардохт кардани  ҳаққи машварати духтури  Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он, Шумо ба таври ройгон корти пластикии ҶДММ «Суғуртаи миллӣ»-ро дастрас менамоед, ки  дар он маълумоти лозим  дар бораи Шумо сабт  шудааст ва минбаъд  ҳамаи хидматҳои  Бемористони Ибни Сино ва филиалҳои он бо пешниҳоди ин корт расонида мешавад. 

Бо ин корт Шумо метавонед саломатии худро дар ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» суғурта кунед. Пас  аз он  то 80% (ҳаштод дар сад)-и хидматҳои  тиббии расонидашуда  ба Шуморо  ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» пардохт мекунад. Барои ин  лозим аст  ба ташкилоти суғуртавии «Суғуртаи миллӣ» муроҷиат намоед. Дар навбати худ кормандони ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» ба Шумо таърифаи муносиб пешниҳод менамоянд.

Бо пардохт намудани 500 (панҷсад) сомонӣ ҳаққи суғуртавӣ маблағи пӯшиш 20 000 (бист ҳазор) сомониро ташкил медиҳад.

Баъди пардохт намудани ҳаққи суғуртавӣ ба хазинаи ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» корти суғуртавӣ фаъол карда мешавад, ки  пас аз як моҳи  ба имзо расидани шартнома ба амал оғоз  мекунад.    Муддати фаъолияти корт 12 моҳ мебошад.

Шахси суғурташуда ҳуқуқ дорад барои гирифтани хидматҳои тиббӣ дар Бемористони Ибни Сино, филиалҳои он  ва дигар дармонгоҳҳое, ки ҶДММ «Суғуртаи миллӣ» бо онҳо дар мавриди  расонидани хидматҳои тиббӣ дар чорчӯби суғуртаи ихтиёрии тиббӣ шартнома бастааст,  муроҷиат намояд.

Маълумоти муфассал дар ин хусус бо суроғаи www.sugurta.tj қобили дарёфт аст.