Федератсияи Русия саҳмгузории 5 миллион доллар ба фаъолияти Барномаи Озуқавории Ҷаҳонӣ (БОҶ)-и Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистонро тасдиқ намуд.

Бино ба иттилои намояндагии БОҶ дар Тоҷикистон, ин кумаки молиявӣ ба фаъолияти БОҶ дар 66 ноҳияи мамлакат баҳри дастгирии аҳолӣ дар бунёди роҳҳои устувори амнияти озуқаворӣ мебошад.

«Ин саҳмгузорӣ ба аҳолии деҳот барои сохтмони инфраструктура баҳри баланд бардории истеҳсолот ва самаранокии кишоварзӣ, дастгирии марказҳои тиббӣ дар мубориза бо норасоии ғизо миёни кӯдакон, таъмини маризони сил (ва оилаи онҳо) бо маводи хӯрока дар давраи табобат, дастрас намудани хӯрокаи гарм ҳаррӯза ба 350.000 хонандагони синфҳои ибтидоӣ ва дастгирии мактабҳо дар ташкили боғи дарахтони ҳосилдиҳанда, равон мегардад», - гуфтааст Николас Оберлин, директори БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, Федератсияи Русия донори асосии БОҶ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб мешавад ва давоми даҳ соли охир ба фаъолятҳои БОҶ маблағи 60 миллион доллари ИМА-ро саҳмгузорӣ намудааст. Инчунин дар холи хозир уҳдадории қавиро барои маблаггузории барномаи Хӯрока барои мактаббачагони Тоҷикистон, ки бо дастгирии БОҶ аз соли 1999 инҷониб амалӣ мегардад, ба зимма дорад.

Зимнан зикр мегардад, ки БОҶ бузургтарин ташкилоти башардӯстонаи ҷаҳонист, ки бо гуруснагӣ дар сартосари ҷаҳон мубориза бурда, дар ҳолатҳои фавқуллода маводи ғизоӣ таъмин менамояд ва бо ҷомеаҳо дар эҷоди эътино ҳамкорӣ мекунад. Дар соли 2013, БОҶ ба 80 миллион одамон дар 75 мамлакати олам кумаки озуқаворӣ расонидааст.