Анонс

- Даъвати тирамоҳӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон оғоз мегардад, ки то 30-юми ноябр идома меёбад;

- Дар пойтахт иҷлосияи охирини шашуми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон даъвати чорум ба кор шурӯъ мекунад;

- Дар Бозиҳои осиёӣ дар Инчхон (Кореяи Ҷанубӣ) рақобатҳо оид ба таэквондо ва гӯштии класиикӣ оғоз мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9985 сомонӣ;

1 евро - 6.3321 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 260 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи байнулмилалии кӯҳансолон.

Рӯзи ҷаҳонии мусиқӣ.

1937 – Шӯрои Комиссарони халқии ҶШС Тоҷикистон дар бораи ифтитоҳи мактаби мусиқиву балет дар Душанбе қарор қабул кард.

1960 – Мавриди амал қарор гирифтани корхонаи истеҳсоли мебели Ленинобод (феълан Хуҷанд).

2009 — Парлумони Тоҷикистон Қонуни нави ҶТ «Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул кард.

2013 — Бо иштироки президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон нақби «Чормағзак» дар роҳи мошингарди Душанбе – Ваҳдат – Кӯлоб боз шуд.

2013 — Парлумони Тоҷикистон Созишнома дар бораи пойгоҳи низомии 201-уми Русияро тасдиқ намуд.

1933-2009 – Зодрӯзи шоира Озод Аминзода.

1937-2001 – Мавлуди Нависандаи халқии Тоҷикистон Юсуф Акобиров.

1939 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа, профессор, узви вобастаи Академияи улуми ҶТ Акбар Турсунов.

1946-1994 – Мавлуди актёри театр, Арбоби шоистаи Тоҷикистон Қурбон Ҳомидов.

1949 – Зодрӯзи доктори улуми тиббӣ, профессор Ҳабибулло Ибодов.

1951 – Мавлуди рӯзноманигор Салимахон Ваҳҳобзода.

1952-2001 – Зодрӯзи коргардони театр Тоҳир Баҳромов.

1960 – Мавлуди нависанда Маҷид Салим.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +29+34, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +24+29.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +24+29, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +17+22.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +5+10, рӯзона +21+26;  дар шарқи вилоят шабона 0-5, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +21+26.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +10+12, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +16+18, рӯзона +31+33.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +26+28.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +20+22.