Анонс

- Дар Маркази тадқиқоти стратегии назди президенти ҶТ дар мавзӯи «Конститутсия – ҳуҷҷати стратегии Тоҷикистони соҳибистиқлол» мизи гирд доир мегардад. Оғоз соати 10-00;

- Дар Муассисаи давлатии «Наврӯзгоҳи пойтахт» тахти унвони «Китоб ва ҳамгиройии арзишҳои умумиинсонӣ» Намоишгоҳи байнулмилалии чоруми китоби Душанбе (2-4-уми октябр) ба кор шурӯъ мекунад. Оғоз соати 10-00.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9983 сомонӣ;

1 евро - 6.3278 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 263 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

1932 — Яке аз корхонаҳои бузург дар қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ Комбинати абрешими Хуҷанд мавриди истифода қарор гирифт.

1941 – Оғози амалиёти «Тайфун» - тарҳи фармондеҳии гитлерӣ оид ба ишғоли Маскав.

2013 — Пас аз 10 моҳ аз фаъолият бозмондан корхонаи «Тоҷиксемент» бо иштироки президент Эмомалӣ Раҳмон аз нав ба кор дароварда шуд, ки акнун оташдонаш ба сифати сӯзишворӣ аз ангишт истифода мекунад.

1938 – Мавлуди ҳунарманди театр Шарофат Ёрова

1961 – Зодрӯзи Устоди варзиши самбои ИҶШС Исмонқул Таваралиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +14+19, рӯзона +30+35, дар доманакӯҳҳо шабона +10+15, рӯзона +25+30.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ баъзан каме борон меборад, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +25+30, дар доманакӯҳҳо шабона +3+8, рӯзона +18+23.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришоти назаррас.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +7+12, рӯзона +23+28;  дар шарқи вилоят шабона -4+1, рӯзона +12+17.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +10+15, рӯзона +28+33, дар доманакӯҳҳо шабона +7+12, рӯзона +23+28.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +30+32.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +15+17, рӯзона +33+35.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона ва субҳ баъзан каме борон меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +27+29.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +9+11, рӯзона +24+26.