Миллионҳо доллари амрикоӣ сармояе, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ҳисоби ҷаҳонгардӣ метавонад ба даст орад, ба ҷайби ширкатҳои сайёҳии қирғизию афғонӣ меравад. Ноҳияи Мурғоб, дар шарқи Бадахшони Тоҷикистон, ки бо вижагиҳову сарватҳои табиӣ, Шоҳроҳи Абрешим, мамнӯъгоҳи «Зоркул», кӯлҳои назаррабо, гӯсфанди Марко Поло ва қутосҳояш дар миёни сайёҳони ватанию хориҷӣ ҳаваси тамошоро бедор мекунад, танҳо бо истифодаи оқилона аз зарфиятҳои гардишгариаш метавонад вазъи иқтисодию иҷтимоии минтақаро беҳтар созад. Аммо…
Дар баландии 4655 метр…
Бо даъвати созмони ҷамъиятии «Кӯҳҳои Помир» ва Ассотсиатсияи фарҳангию экотуристии Помир сафари якҳафтаина ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон доштем. Ин сафар аз ноҳияи Дарвоз, ки онро дарвозаи Бадахшон меноманд, шурӯъ шуд ва то ба Хоруғу Шуғнону Рӯшону Ишкошиму Мурғоб тӯл кашид. Помир бо воҳаю манзараҳои табиии нотакрор, кӯҳҳои осмонбӯс, олами ҳайвоноту набототи нодир, чашмаҳои мусаффою дармонбахш, мавзеъҳои бостоние, ки таърихаш аз қарнҳои пеш аз милод сарчашма мегирад, ба кас ҳаловату фараҳ бахшида, дил мебарад.
Носирҷон Маъмурзода - Мурғоб from AsiaPlus on Vimeo .
Аммо ҷойи таассуф ва андеша аст, ки аз имконоти мавҷуд барои тавсеъаи гардишгарӣ дар Помир истифода намешавад. Мурғоб, ки дорои беш аз 20 фисади масоҳати умумии Тоҷикистон аст, дурдасттарин ноҳияи кишвар буда, камтар аз 17000 нафар аҳолӣ дорад. Сокинони ин минтақа умдатан қирғизтаборанд, раиси ноҳия низ қирғиз аст. Аз Қӯрғонтеппа то Мурғоб беш аз 900 километр роҳ аст. Вазъи роҳҳо, чун дар аксар мавозеи Тоҷикистон, беҳбуд мехоҳад. Баландтарин ағбаи кишвар – Оқ-Байтал – Хоруғро бо Мурғоб мепайвандад ва дар баландии 4655 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Барои нафаре, ки бори аввал ба Мурғоб сафар мекунад, ҳаво, аниқтараш нарасидани ҳаво дар ин баландӣ шояд андаке сахт ва бо дарди сару фишорбаландӣ ҳамроҳ бошад. Аммо, тавре ки роҳбалади мо ҳушдор дод, аз баногоҳ дард кардани сар ё каме хун рафтан аз бинӣ набояд ба изтироб афтод…
Дар меҳмонхонаи «Помир», ягона меҳмонсарои ба талабот ҷавобгӯйи маркази Мурғоб, ки меҳмон шудем, дар як вақт то 40-45 нафар ҷой гирифта метавонанд. Қимати иҷораи як ҳуҷра барои ду нафар аз 100 то 150 сомонӣ муқаррар гардида, ба ин маблағ таоми субҳона, ки асосан аз шири қутос таҳия мешавад, шомил аст. Аммо дар ҳуҷраҳо ҳоҷатхонаю ҳаммом мавҷуд нест. Дар ҳавлии меҳмонхона якчанд юрти қирғизӣ низ густурда шуда ва сайёҳони ҳаводор метавонанд он ҷо шабро рӯз кунанд. Ба ҷуз ин, дар маҳалҳои аҳолинишини Мурғоб хонаҳои меҳмондорӣ (homestay) ҳастанд, ки сокинони маҳаллӣ сайёҳонро қабул карда, бар ивази 15 доллар барояшон ҷойи хоб ва ғизо медиҳанд.
Аз меҳмонхона то бозори гароннарх
Кумушай Таҷалиева, раҳбари меҳмонхонаи «Помир», дар суҳбат бо мо гуфт, ки ҳоло 22 сокини маҳаллӣ бо маоши миёнаи 300 сомонӣ дар ин меҳмонхона кор мекунанд. «Ноҳияи мо баландкӯҳ ва шароити кору зиндагӣ дар ин ҷо мушкил аст. Аз ин рӯ, мехостем, ки Ҳукумати кишвар ё бонкҳо ба мо маблағҳои қарзии боимтиёз диҳанд, то тавонем шароит ва хизматрасонии меҳмонхонаро беҳтар кунем. Мо меҳмони бисёре надорем, даромадамон ҳам зиёд нест, аммо ҳар моҳ 3900 сомонӣ андоз месупорем, ки андак гарон аст. Агар дастгирӣ бештар мешуд, аз ҳисоби даромадҳои худ дар ноҳия кӯдакистоне бунёд мекардем, то фарзандонамон таълиму тарбия гирифта, ба мактаб омода шаванд. Зеро дар ноҳия ягон кӯдакистон мавҷуд нест», - афзуд Таҷалиева.
…Бозори марказии ноҳияи Мурғоб соати 10-и субҳ корро сар карда, баъд аз зуҳр анҷом медиҳад. Нархи молу маҳсулот дар ин ҷо андак гаронтар аст. Масалан, зарфи яклитраи оби одии нӯшокӣ 4 ва газдораш 5 сомонӣ арзиш дорад. Як кило себ ба 7-10 сомонӣ баробар аст. Соҳибкорон мегӯянд, ки тамоми анвои маҳсулот, ҳатто оби ошомиданӣ дар зарфҳоро аз Ӯши Қирғизистон ба Мурғоб меоранд. Ягона маҳсулоти маҳаллии дар бозор фурӯхтамешуда гӯшти қутос, равғани он ва қурутест, ки аз шири қутос таҳия мешавад. Тоҷирон тарҷеҳ медиҳанд, ки ба Ӯши Қирғизистон бираванд, то ба Хоруғ. Қимати роҳкирои як нафар то Ӯш тавассути такси 150 сомонист (аз Мурғоб то Ӯш беш аз 400 км роҳ аст), аммо то Хоруғ - беш аз 400 сомонӣ (312 км).
Ҳадяи табиат ва имтиёзҳои давлат
Нуктаи дигари қобили таъкид ин аст, ки дар ноҳияи баландкӯҳи Мурғоб дарозумрии миёна, ба қавли коршиносони маҳаллӣ, ба 60 сол баробар аст (дар ҳоле ки дарозумрӣ дар Тоҷикистон қариб ба 72 сол баробар аст). Бо таваҷҷуҳ ба махсусиятҳои иқлими Мурғоб, ҳукумати кишвар ба сокинони маҳаллӣ як идда имтиёзҳоро таъйин кардааст. Масалан, ин ҷо мардҳо дар синни 55 ва занон дар 53-солагӣ ба нафақа мебароянд. Маоши кормандони муассисаҳои давлатии Мурғоб низ аз маоши миёнаи сатҳи ҷумҳурӣ то 50% бештар будааст.
…Ҳадяи табиат барои ноҳияи Мурғоб беҳамтост. Дар ин ҷо баробари санги қиматбаҳои ёқут ганҷҳои дигаре низ мавҷуданд, ки барои беҳбудии рӯзгори мардум бояд мавриди истифода қарор гиранд. Неъмати дигари ин диёр ҳайвоноти ваҳшии кӯҳу биёбонҳо ва кӯлҳояш аст.
Nosirjon Ma''murzoda-Yak ruz dar Murghob from AsiaPlus on Vimeo .
Мамнӯъгоҳи «Зоркул» аз ҷумлаи муассисаҳои давлатии ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда буда, дар баландии зиёда аз 4000 метр аз сатҳи баҳр қарор дорад ва масоҳати умумиаш 87 ҳазору 700 гектар буда, 10 ҳазор гектари онро кӯлҳо ташкил медиҳанд. Олами ҳайвоноти мамнӯъгоҳ гуногуну рангин аст. Дар ин ҷо намудҳои мухталифи ҳайвоноти ваҳшӣ - паланги барфӣ, хирси бӯр, гӯсфанди Марко Поло, бузи кӯҳии сибирӣ, сияҳгӯш, саги обӣ, харгӯш, суғури сурхи думдароз, гург, рӯбоҳ сукунати доимӣ ва кӯчӣ доранд. Паланги барфӣ, хирси бӯр, гурги сурх ва гӯсфанди Марко Поло ба Китоби Сурхи Тоҷикистон дохил карда шудаанд ва шикори онҳо мамнӯъ мебошад. Аммо ба гуфтаи ҳолдонҳо, баъзе шикорчиён ва ҳатто сайёҳони хориҷӣ бо пардохти маблағ (ғайрирасмӣ) ба шикори Марко Поло даст меёбанд, ки ҷойи таассуф аст.
Рӯйдоди арзандаи Китоби рекордҳои Гиннес
Дар мавзеи Қарокӯли ноҳияи Мурғоб, ки аз маркази ноҳия 160 км дур аст, дарёи зебое ҳамном воқеъ мебошад, ки бо паҳнои 380 километри мукааб бузургтарин кӯл дар Тоҷикистон ба ҳисоб меравад. Умқи Қарокӯл 238 метр будааст. Ин ҳавзаи баста дар баландии 3910 метр аз сатҳи баҳр қарор дошта, дар баландӣ ҳатто аз кӯли Тикитакаи ИМА бартар будааст.
Зимни ин сафар мо шоҳиди як рӯйдоди таърихӣ шудем. Бори нахуст дар ин кӯли баландтарини Тоҷикистон ва ҷаҳон мусобиқаи байнулмилалии скайсёрфинг - як намуди қаиқронӣ доир гардид. Ба қавли Тони Нелсон, намояндаи созмони байнулмилалии таҳсилот ва туризм аз Бритониё ва яке аз мубтакирони ин чорабинӣ, дар мусобиқа мебоист варзишгарони беш аз 10 кишвар ширкат варзанд, аммо ба ҳар иллат танҳо се нафар ба маҳалли мусобиқа ҳозир шуданд.
«Ин рӯйдоди бисёр муҳим аст. Дар ин ҷо намояндагони ИМА, Бритониёи Кабир, Олмон ва Тоҷикистон ҳузур доранд. Мо ният дорем расман пешниҳод кунем, ки баргузории мусобиқаи байнулмилалии скайсёрфинг дар Қарокӯлро ҳамчун рӯйдоди нодир ба Китоби рекордҳои Гиннес шомил кунанд. Дар соли оянда умед дорем, ки бо дастгирии мақомоти Тоҷикистон беш аз 100 варзишгарро ба ин мавзеъ даъват карда, мусобиқаи боҳашамати қаиқронӣ доир кунем», - афзуд Нелсон.
Занони ҳунарманди Қарокӯл ва ду ҷиноят дар як сол
Дар Қарокӯл, ки охирин рустои Тоҷикистон маҳсуб мешавад, беш аз 750 нафар зиндагӣ мекунанд. Шуғли асосии сокинони маҳаллӣ чорводорӣ мебошад. Ин ҷо сабза намерӯяд, имкони боғдорӣ ва кишоварзӣ вуҷуд надорад. 10 нафар зани маҳаллӣ сехи хурде таъсис дода, аз пашми қутосу гӯсфандҳо ришта мересанд ва палосу кӯрпача, ҷорӯбу ҷомаи арӯсӣ, дастрӯмолу чодарҳои қирғизӣ мебофанд. Ба гуфтаи Аҷар Абдулдаева, сарвари коргоҳи мазкур, харидори аслии маҳсулоти дастсози ин занон сайёҳони хориҷӣ будаанд.
«Маҳсулоти бисёре дорем. Барои домоду арӯс ҳам чодарҳо ва палос медӯзем. Дар ин мавсим ҳамагӣ ҳазор сомонӣ фоида ба даст овардем. Дастмузди занони ҳунарвари коргоҳи мо аз ҳисоби фурӯши маҳсулотамон пардохт мешавад», - афзуд Абдулдаева.
Абдулҳаким Турдиқулов, ягона нозири милиса дар деҳаи Қарокӯл мегӯяд, ки дар ин рустои дурдасттарини Тоҷикистон ҷиноятҳои мудҳиш содир намешаванд. «Имсол мо ҳамагӣ ду ҷиноятро ба қайд гирифтем. Асосан дуздӣ буд. Дуздии чорво. Омилони ҳар ду ҷиноятро ошкор кардем. Ин ҷиноятҳоро ҷавонони бекор ва аз хонаводаҳои фақир содир кардаанд. Шукр, ки авбошӣ ё дигар ҷиноёти ахлоқӣ ин ҷо рух намедиҳанд, мардум аҳлона зиндагӣ доранд», - гуфт Турдиқулов.
Ин ходими милиса ҳоло дар Қарокӯл дар ҳуҷраи кориаш зиндагӣ мекардааст, чун манзили алоҳида надорад. 1100 сомонӣ маоши моҳонаашро танҳо барои ғизо ва сафари хизматӣ ба маркази ноҳияи Мурғоб сарф мекардааст.
Мактаби охирин деҳаи Тоҷикистон ба кӯмак ниёз дорад
Дар ягона мактаби Қарокӯл (соли бунёдаш 1954), ки беш аз 160 муҳассил дорад, 20 омӯзгор, аз он ҷумла 11 омӯзгори дорои маълумоти олӣ сари кор будаанд. Чолпан Айбашова, мудири мактаби мазкур гуфт, ки имсол 4 шогирди ин мактаб ба донишгоҳи Ӯши Қирғизистон дохил шуданд.
«Ҳарчанд барои шогирдони мо ҳам квотаи президентӣ ихтисос дода мешавад, онҳо аз таҳсил дар донишгоҳи Хоруғ рӯ метобанд ва азбаски забони модарӣ ва забони таҳсилашон қирғизист, ба мактабҳои олии Қирғизистон рафтанро авлотар медонанд», - афзуд Айбашова.
Шогирдони мактаб аз норасоии китоби таълимӣ азият мекашанд. Худи сарвари мактаб, ки аз фанни таърих дарс мегӯяд, бо кӯмаки ягона омӯзгори забони тоҷикии мактаб аз рӯйи китоби таърих барои синфи 10 мавзӯъҳоро тарҷума карда, барои шогирдонаш маърӯзаи дарсӣ менависад.
«20 сол боз дар мактаб кор мекунам, аммо ёд надорам, ки бори охир кай ба мактаби мо адабиёти таълимӣ фиристода бошанд. Борҳо ба мақомоти ноҳия, Вазорати маориф ва илм номаи дархостӣ фиристодем, аммо мушкиламон ҳал нашуд. Аз Қирғизистон як миқдор китоби дарсӣ фиристоданд, аммо истифодаи онро бароямон иҷоза надоданд», - гуфт Айбашова.
Ба иддаои сарвари мактаб, ҳарчанд омӯзгорон ба рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ обуна шудаанд, аммо ҳатто рӯзномаи «Ҷумҳурият»-ро, ки ҳар рӯз нашр мешавад, дар беҳтарин маврид моҳе як маротиба дастрас мекунанд. Боми мактаб низ дар ҳолати садамавӣ буда, мояи нигаронии омӯзгорон шудааст. Ба гуфтаи онҳо, дар сурати боридани барфу борон дар синфхонаҳо дарс хондан номумкин мешавад…
Миллионҳо доллар ба ҷайби ширкатҳои қирғизӣ…
Дар ҷараёни сафар дар Мурғоб мошинҳои бисёре бо рақамҳои қирғизӣ ба мушоҳида мерасиданд, ки даҳҳо сайёҳи хориҷиро ба хоки Тоҷикистон оварда буданд. Сокинони маҳаллӣ мегӯянд, ки то 80% сайёҳони хориҷиро ба Мурғоб ва умуман, Бадахшон ширкатҳои туристии Қирғизистон меоранд. Ба ҳисоби минималӣ, ҳар як сайёҳ зимни сафараш 400-500 доллари амрикоӣ харҷ мекунад. Ширкатҳои туристии қирғизӣ солона беш аз як миллион сайёҳро ҷалб мекардаанд. Агар 400-500 долларро ба як миллион зарб занем, ҳосил чанд мешавад? Агар ширкатҳои ватании сайёҳӣ вориди ин бозор шуда, ба ҷалби ҷаҳонгардони ватанию хориҷӣ комёб шаванд, миллионҳо доллар сармоя ба Тоҷикистон ворид хоҳад шуд. Чаро мо ин кори начандон мушкилро ба дӯш гирифта натавонем?!
Тавре болотар зикр рафт, шуғли аслии сокинони Мурғоб қутоспарварист. Зоҳиран, агар дар ин ноҳия корхонаҳои сершумори истеҳсоли гӯшту шир ва маҳсулоти ширӣ таъсис дода шавад, иқтисод қавитару тиҷорат густурдатар мегардад. Аммо боз ҳам мушкили камбуди барқ, ки шиддаташ бисёр паст аст (ҳатто дар меҳмонхонаи марказии ноҳия шиддати барқ ончунон паст буд, ки шояд равшании шамъ аз он баландтар бошад), имкон намедиҳад, ки чунин коргоҳҳо бунёд шаванд. Агар ба сабаби шиддати паст ҳатто чойники обҷӯшонию телевизорҳо аз кор монанд, ҳеҷ соҳибкор ба таъсиси корхонаи саноатӣ бо насби дастгоҳҳои гаронарзиш иқдом нахоҳад кард.
Бо вуҷуди ин ҳама, Мурғоб бо махсусиятҳои иқлиму табиат, кӯлҳои назаррабо, фарҳангу анъанаҳои хосаи мардумонаш бемисл аст. Маҳз ҳамин сарватҳои нотакрори табиӣ ва инсонист, ки ҳазорон сайёҳро ба тамошои Мурғоб мебарад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста