Дар Коллеҷи тиббии Кӯлоб бори нахуст ба донишҷӯёни ятим ва аз оилаҳои ниёзманд стипендияи таъсисдодаи соҳибкори маҳаллӣ Нуралӣ Ҳасанов спурда шуд.

Директори коллеҷ Ҷумъахон Назаров ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки ба 20 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони донишҷӯ ба ҳар кадоме 50 сомонӣ маблағи пулӣ тақим карда шуд.

Ба гуфтаи ӯ, соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов қаблан низ дархостҳои маъмурияти Кӯлобро ба инобат гирифта, соли ҷорӣ бошад, бо қарори мақомоти шаҳрдории Кӯлоб, тасмим гирифт, ки сарпарастии 20 нафар донишҷӯёни ятим ва аз оилаҳои ниёзманди коллеҷро ба уҳда гирифта, онҳоро ҳар моҳ бо 50 сомонӣ стипендия таъмин кунад.

Дар ҳамин ҳол, соҳибкор Нуралӣ Ҳасанов ва ҳамзамон вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Кӯлоб ҳар моҳ барои аксияҳои гуногуне, ки дар шаҳр доир мегарданд, то 10-15 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо мекунад.