Дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет комилан дастнорас аст. Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.
«Интернети мобилӣ ҳанӯз аз рӯзи якшанбе қатъ гардида буд. Феълан тавассути ADSL-модемҳо низ дастрасӣ мавҷуд нест. Ҳеҷ кадоме аз ширкатҳои фароҳамсози интернет бо кадом сабаб қатъ шудани дастрасӣ ба интернетро шарҳ намедиҳад, мегӯянд, ки мушкилоти фаннӣ ҷой дорад, вале дар бораи маҳз кадом мушкилоти фаннӣ ҳарфе намегӯянд», - гуфт тариқи телефон яке аз сокинони шаҳри Хуҷанд, ки айни замон ягона сарчашмаи робита бо ҷаҳони беруна аст.
Тавре ба «Азия-Плюс» аз ширкати фароҳамсози хизматгузориҳои дастрасӣ ба интернет хабар доданд, «робита бо ҷаҳони беруна» баъди нимарӯзи 7-уми октябр комилан қатъ карда шуд. Ба гуфтаи манбаъ, аз Хадамоти алоқа дастури шифоҳӣ расидааст, ки дар он комилан қатъ кардани дастрасӣ ба интернет дар вилояти Суғд то 11-уми октябр талаб карда мешавад.
«Провайдерон дастури танзимгари алоқаро нодида гирифта наметавонанд, зеро ин мақомоти болоӣ буда, дар ҳама гуна ҳолат метавонад моро аз иҷозатномаи фаъолият маҳрум намояд, ҳарчанд бар асари ин маҳдудият ба мо зиёни зиёд мерасад. Ҳар кадоме аз провайдерон қаҳвахона ё ширкатҳое доранд, ки мутобиқи қарордод онҳоро бояд ба дастрасӣ бо шабакаи интернет таъмин созанд ва барои иҷро накардани шартҳои қарордод, онҳо пурра ҳуқуқ доранд, ки ҷуброни зиёнро талаб кунанд», - гуфт ҳамсуҳбат.
Дар пойтахти Тоҷикистон низ алоқа ба интернет хеле «суст» буда, то ҳанӯз ба бисёр сомонаҳо, аз ҷумла Facebook, Vkontakte, «Википедия», Amazon.com, сервисҳои Майл.ру, Лента.ру, CA-NEWS,хадамоти русии хабаргузории «Озодагон» (catoday.org) ва ҳамчунин прокси-сомонаҳо ва анонимайзерҳо дастрасӣ ғайриимкон аст.
Дар ҳамин ҳол, Хадамоти алоқа даст доштан дар ин қатъкуниҳои дастрасӣ ба сомонаҳоро рад мекунад. Роҳбари Хадамоти алоқаи назди ҳукумати ҶТ Бег Сабурӣ дар мусоҳиба ба агентии ТАСС дар ин робита изҳор намудааст, ки хадамот ба қатъкуниҳои дастрасӣ ба торнамоҳо даст надорад ва ваъда додааст, ки ба ин масъала расидагӣ мекунад. Дар ҳамин ҳол, Сабурӣ зикр кардааст, ки баъзе сомонаҳо «хостори сулҳ дар Тоҷикистон нестанд».
«Қобили зикр аст, ки чанде аз сомонаҳо аз ҳад зиёд сиёсатзадаанд ва ба ҷойи таблиғи сулҳу ризоият дар ҷомеаи мо, ба барангехтани низоъ даст зада, ҳамчунин даъватҳо ва изҳороти ифротгароёна ба нашр мерасонанд», - таъкид доштааст ӯ.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста