Оғоз аз фардо, яъне 9-уми октябр баргаштани ҳоҷиён аз зиёрати Каъба ба Ватан шурӯъ мешавад. Барои қабули ҳоҷиён, бору бағоҷи онҳо фурудгоҳи байналмилалии Душанбе омодагии пурра дида шароити заруриро муҳайё намудааст.
Тавре котиби матбуотии Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе Муҳаммадюсуф Шодиев хабар дод, ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» бо гуруҳи аввалини ҳоҷиён дар хатсайри Ҷидда-Душанбе парвоз намуда, мутобиқи ҷадвали парвозҳо субҳи 10 октябр соати 05-10 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад. Парвози охирин дар хатсайри Мадина-Душанбе 24 октябр амалӣ мешавад ва ҳавопаймои ширкати ҳавопаймоии «Тоҷик Эйр» соати 22-35 дар фурудгоҳи Душанбе фуруд хоҳад омад.
Ёдовар бояд шуд, ки имсол аз фурудгоҳи Душанбе 4622 нафар зоирин тариқи ширкатҳои ҳавопаймоии ватанӣ- «Тоҷик Эйр» ва «Сомон Эйр» барои зиёрати Хонаи Худо ба шаҳрҳои Ҷидда ва Мадина гусел шуданд. Фурудгоҳи Душанбе дар маҷмӯъ ба 48 адад рейсҳои рафта ва омада хизматрасонӣ мекунад. Соли ҷорӣ беш аз 6,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ба зиёрати Хонаи Худо мушарраф гардиданд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста