Намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет даъват кард.

«Қатъи такрории дастрасӣ ба торнамоҳо дар Тоҷикистон тайи чанд моҳи ахир тамоили нигаронкунанда аст. Ин усулҳои муҷозотӣ ба ҳуқуқи инсон ҷиҳати қабул ва паҳнкунии маълумот ва озодии матбуот зиёноваранд», - иброз доштааст дар изҳороташ Миятович, ки санаи 7-уми октябр дар сомонаи расмии САҲА интишор гардидааст.

Ёдрас мекунем, ки санаи 3-юми октябр ширкатҳои фароҳамсози интернети Тоҷикистон дар бораи қатъ шудани дастрасӣ ба ҳудуди 300 торнамо ва порталҳои расонаӣ, аз ҷумла Vkontakte, Youtube ва Facebook хабар доданд.

Дар ҳамин ҳол, аз рӯзи 7-уми октябр дар минтақаи шимоли ҷумҳурӣ шабакаи интернет комилан дастнорас аст . Бино ба иттилои хабарнигорони «Азия-Плюс» аз шаҳри Хуҷанд, чанде қабл онҳо ба интернети пайвастшавӣ тариқи сим дастрасӣ доштаанд, вале ин алоқа низ қатъ шудааст.