Мақомоти шаҳрдории пойтахт ба муносибати 90-солагии мақоми пойтахтро доро шудани шаҳри Душанбе ба сокинони пойтахт, ки ба синни 90-солагӣ расидаанд, маблағи пулӣ тақдим мекунад.
Тавре як манбаъ аз мақомоти шаҳрдории пойтахт хабар дод, бо дастури раиси пойтахт Маҳмадсаид Убайдуллоев, айни замон рӯйхати сокинони шаҳр, ки ба синни 90 расидаанд, таҳия шуда, он аз 85 нафар иборат аст
«Ба ҳар кадоме аз сокинони 90-солаи пойтахт аз буҷети шаҳр 900 сомонӣ ва аз буҷети ноҳияҳои пойтахт 600 сомонӣ ҷудо мегардад», - гуфт манбаъ.
Ба гуфтаи манбаъ, маблағи пулӣ танҳо ба шахсоне дода мешавад, ки 90 солаанд ва ба шахсони аз синни 90-сола боло чунин мукофотпулӣ пешбинӣ нашудааст. «Баргузории маросими супурдани маблағҳои пулӣ ба сокинони 90-солаи пойтахт санаи 13-уми октябр дар назар аст», - афзуд сарчашмаи хабар.
Ёдрас мекунем, ки ҷашни 90солагии пойтахт давоми 9 рӯз таҷлил мегардад. Ба ин ҷашн сокинони Душанбе 900 рӯз омодагӣ гирифтанд. Чорабиниҳои ҷашнӣ бо шиори «Мо метавонем!» 11-уми октябр дар тамоми маҳаллаву шаҳракҳои пойтахт оғоз мегарданд.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста