Нимаи дуюми рӯзи 8-уми октябр дар ҷамоати Меҳнатободи ноҳияи Бохтар бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №12 ба истифода дода шуд.
Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин муассисаи таълимӣ барои таҳсили 2400 нафар дар ду баст пешбинӣ шуда, бо маблағгузории муштараки Фонди Саудии Рушд ва Ҳукумати Тоҷикистон бо арзиши умумии қариб 14 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Муассисаи таълимӣ аз 4 бинои таълимӣ, 40 синфхонаи муҷаҳҳаз бо лавозимоти муосири хониш, 10 озмоишгоҳи фаннӣ, маҷлисгоҳ, толору майдони варзишӣ ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад.
Дар толори барҳавои фарҳангӣ, ки барои баргузории чорабиниҳои мактабӣ муҳим дониста мешавад, хонандагони ин муассисаи таълимӣ як намоиши панду ахлоқӣ дар асоси осори гаронбаҳои Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ ба саҳна гузоштанд, ки аввалин бинандаи он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва ҳайати ҳамроҳи ӯ буд. Дар ин макатаб ҳамзамон синфхонаи омӯзишии ҳунарҳои миллӣ таъсис дода шудааст, ки дар ин ҷо хонандагон ба бофтани қолин, гулдӯзиву зардӯзӣ ва духти дигар намуди либосворӣ машғул хоҳанд шуд.
Дар саҳни ҳавлии ин муассисаи таълимӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо омӯзгорону хонандагон ва фаъолони аҳли ҷамоаи ноҳияи Бохтар мулоқот намуда, таъкид дошт, ки ҳадафи асосии Ҳукумати кишвар тавассути таъмиру навсозии муассисаҳои таълимӣ, бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва таъмини онҳо бо ҷиҳози муосири хониш тавсеа бахшидан ба раванди омодасозии кадрҳои баландихтисоси ватанӣ мебошад.
Зикр гардид, ки маҳз ба ҳамин хотир, соли равон барои рушди соҳаи маорифи мамлакат зиёда аз дуюним миллиард сомонӣ ҷудо карда шуд, ки ин дар муқоиса бо соли гузашта беш аз 18 фоиз зиёд буда, 5,2 фоизи маҷмӯи маҳсулоти дохилии кишварамонро ташкил медиҳад.
«Натиҷаи чунин ғамхориҳост, ки дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ танҳо дар вилояти Хатлон ба маблағи умумии 725 миллион сомонӣ қариб 700 бинои муассисаҳои таҳсилоти умумӣ бо 148 ҳазор ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст, - гуфт сарвари давлат. - Дар раванди ислоҳоти соҳаи маориф рушди ин бахш дар ноҳияи Бохтар низ таҳти назорати доимӣ қарор дошта, соли ҷорӣ афзоиши маблағгузории соҳа қариб 40 миллион сомониро ташкил намудааст».




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста