Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб ва вакилони Маҷлиси вакилони халқи шаҳр барномаи рушди шаҳри Кӯлоб барои солҳои 2014-2018-ро тасдиқ карданд.
Муовини раиси шаҳри Кӯлоб Нуридин Бозоров ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки дар барнома амалисозии 234 лоиҳаҳои хурду бузург ба маблағи умумии 1 млрд. 30 млн. сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ба гуфтаи ӯ, мутобиқи нақшаи стратегии рушди шаҳри Кӯлоб муддати 4 сол дар шаҳр бояд ду манзили зисти 9-ошёна, се манзили зисти 5-ошёна ва то садҳо манзилҳои хусусӣ сохта шаванд.
«Давоми 4 соли оянда дар шаҳру ноҳияи Кӯлоб 38 корхонаи хурди саноатӣ, 8 мактаби таҳсилоти умумӣ, шабакаи марказҳои хизматгузорӣ ба истифода дода шуда, дар 300 гектар боғҳои нав бунёд карда мешаванд», - иброз дошт номбурда ва илова намуд, ки дар натиҷаи амалисозии барномаи рушди стратегӣ то 18 ҳазор ҷойҳои нави корӣ фароҳам оварда мешавад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста