Ҳудуди 500 нафар дружиначиёни ҷавон барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар кӯчаҳои Душанбе ҷалб шудаанд.
Як манбаъ аз Коллеҷи омӯзгории пойтахт дар ин робита иттилоъ дод, ки рӯзи 9-уми октябр донишҷӯёни коллеҷро ба кадом як рӯйхате шомил намуда, гуфтаанд, ки рӯзи 10-уми октябр онҳо барои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дар майдони «Дӯстӣ»-и назди муҷасамаи Исомили Сомонӣ ҷалб карда мешаванд.
Дар мусоҳба бо «Азия-Плюс» директори коллеҷ Ширин Қурбонова ин маълумотро рад карда, иброз дошт, ки донишҷӯёни коллеҷ субҳи 10-уми октябр дар анҷумани дружиначиён дар «Кохи Ваҳдат» ширкат варзидаанд.
«Субҳ 50 нафар донишҷӯёни коллеҷ, ки аъзои дружиначиёни ихтиёрианд, дар анҷумани дружиначиён иштирок карда, айни замон баргаштанд ва дар машғулиятҳо иштирок мекунанд, - гуфт ӯ. – Гӯё ки онҳо ба майдони «Дӯстӣ» мераванд, дурӯғи маҳз аст. Ғайр аз ин, нимаи дуюми имрӯз дар коллеҷ спартакиада мегузарад ва ҳама донишҷӯёни мо бояд он ҷо бошанд».
Сарфи назар аз ин, Қурбонова мегӯяд, ки дружиначиёни коллеҷи омӯзгорӣ метавонанд «ба чорабиниҳои муҳим ҷалб карда шаванд».
«Вақте шумори кормандони милиса нокофисту онҳо заруранд, масалан ҳангоми сарони кишварҳо бо нақлиёт ҳаракат кардан ё дар чорабиниҳои дигари бузург онҳо дар қатори кормандони сохторҳои қудратӣ меистанд. Дар бораи имрӯз дар майдони «Дӯстӣ» ба сифати дружиначиён буданашон ба мо чизе нагуфтаанд», - мегӯяд номбурда.
Дар ҳамин ҳол, корманди шуъбаи ВКД ҶТ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт, ки ба кори дружиначиён масъул аст, ба «Азия-Плюс» дар ин робита изҳор намуд, ки имрӯз аллакай 500 нафар дружиначиён дар шаҳр тақсим крада шуданд.
«Имрӯз дар Душанбе анҷумани дружиначиён доир гардида, дар он ҳудуди 500 нафар иштирок доштанд. Ҳамаи онҳоро мо ба гӯшаҳои гуногуни шаҳр тақсим кардем», - афзуд номбурда, вале аз шумори дружиначиёни ба майдони «Дӯстӣ» таъиншуда чизе нагуфт.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста