Анонс

- Дар Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил доир мегардад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9949 сомонӣ;

1 евро - 6.3860 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1 253 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи фалак

1948 — Дар Сталинобод Спартакиадаи I-уми ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна доир гардид.

2005 — Рӯзҳои фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО (Париж).

2013 — Дар қаламрави Ӯзбекистон қатораи хатсайри Душанбе-Хуҷанд ба садама дучор гардид. Дар қатора 200 нафар даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ ва якчанд нафар афсарон ҳузур доштанд, ки ба шимоли кишвар сафар доштанд.

1898 – Зодрӯзи олим, академики АИ ҶШС Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ИҶШС, Қаҳрамони Иттиҳоди Шӯравӣ Вячеслав Прокофевич Красичков.

1900-1970 – Мавлуди шоир Саидалӣ Вализода.

1912 – Зодрӯзи доктори улуми ҳуқуқшиносӣ, профессор, академики АИ Тоҷикистон, Арбоби шоистаи илми ҶШС Тоҷикистон Солеҳ Ашӯрхоҷаевич Раҷабов.

1921 – Мавлуди доктори илмҳои геологӣ-минералогӣ, академики АИ Тоҷикистон, дорандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯалӣ ибни Сино, профессор Рауф Баротов.

1932 – Зодрӯзи доктори илмҳои физикаву математика, академики АИ Тоҷикистон, профессор Абдуҳамид Ҷӯраев.

1936 – Мавлуди ҳуқуқшинос Тошӣ Сангинов.

1939-1977 – Зодрӯзи актёри театру кино, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Маҳмудҷон Воҳидов.

1939-1984 – Мавлуди Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мастибек Паллаев.

1940 – Зодрӯзи доктори улуми филологӣ Фарҳод Зикриёев.

1940-1999 – Мавлуди олим Ҳаким Ойматов.

1946 – Зодрӯзи Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким.

1977 – Мавлуди муовини аввали вазири молияи Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +2+7, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона 0-5, рӯзона +5+10.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +1+6, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -4-9, рӯзона +4+9.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот, шабона ва субҳгоҳон баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона -1+4, рӯзона +11+16.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +3+5, рӯзона +14+16.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.