Чанде қабл дастрасӣ ба сомонаи гурӯҳи расонаҳои «Азия-Плюс» - - www.news.tj дар Тоҷикистон боз қатъ гардид.

Тавре корбарони торнамо хабар доданд, қатъи дастрасӣ ба сомона нимаи дуюми рӯзи 10-уми октябр оғоз гардида, ба аксари онҳо танҳо тариқи прокси-серверҳо дастрасӣ ба сомона муяссар мегардад.

Намояндагони чанде аз ширкатҳои фароҳамсози интернет (провайдерон) дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар рӯйхатҳое, ки то ҳанӯз ба онҳо аз Хадамоти алоқа ирсол мегардад, номи сомонаи «Азия-Плюс» мавҷуд нест.

«Аммо ба ҷуз доменҳо, ки Хадамоти алоқа бастанашонро дархост мекунад, дар номаҳо IP-суроғаҳо низ барои қатъи дастрасӣ зикр шудаанд. Миёни онҳо IP-суроғаи хостинги ҷойгиршавии сомонаи шумо низ ҳаст», - гуфтанд намояндагони ширкатҳои фароҳамсози интернет.

Тамос гирифтан бо Хадамоти алоқа ҷиҳати рӯшанӣ андохтан ба ин масъала алҳол муяссар намегардад.

Давоми ҳафтаи ахир дар Тоҷикистон дастрасӣ ба беш аз 1 ҳазор сомонаҳои гуногун, аз ҷумла шабакаҳои иҷтимоии Facebook, Vkontakte, сомонаҳои Википедия, агентиҳои иттилоотии Русия ва ҳамчунин анонимайзерҳо, ки тариқи он сарфи назар аз қатъи дастрасӣ метавон ба сомона роҳ ёфт, қатъ карда шуд.

Қобили зикр аст, ки аз субҳи имрӯз муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ба хизматгузории ирсоли смс-паёмак дастрасӣ пайдо намуданд. Пешниҳоди ин хизматгузори аз 10-уми октябр қатъ гардида буд.

Ҳамчунин дар минтақаи шимоли кишвар дастрасӣ ба шабакаи интернет барқарор карда шуд. Шурӯъ аз 5-уми октябр дар вилояти Суғд дастрасӣ ба 3G интернет ва аз 7-уми октябр робита бо ADSL низ қатъ гардида буд.

Тавре сокинони вилояти Суғд хабар медиҳанд, робита бо ADSL рӯзи 10-уми октябр барқарор шуда, дигар хизматгузориҳои низ тадриҷан дастрас шуда истодаанд.

Дар робита ба ин амалҳо намояндаи Созмони амнияту ҳамкории Аврупо (САҲА) оид ба масоили озодии ВАО Дуня Миятович ҳукуматдорони Тоҷикистонро ба  таъмини бемамониати дастрасӣ ба шабакаи Интернет  даъват кард.