“Тартиб додани нақшаи солона”, “Муносибатҳои соҳибкории хурду миёна ва содирот”, “Хизматрасонӣ ва ёрирасонӣ ба Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав”, “Хусусиятҳои бозоршиносӣ”, “Ченаки қаноатмандии мизоҷон ва нақшаи фаъолиятҳо барои тараққиёт”. Ин якчанд аз малакаҳое мебошанд, ки иштирокчиёни омӯзиши “Бозоршиносӣ, идоракунӣ ва содирот”, 15-уми октябр дар шаҳри Бишкек дар чаҳорчўбаи лоиҳаи “Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат”, ки аз тарафи Иттиҳоди Аврупо маблағгузорӣ мегардад, инкишоф медиҳанд.

Тавре аз намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон хабар доданд, дарсҳои омӯзишӣ аз ҷониби PromoFirenze, Палатаи савдо ва саноати Флоренсия (Итолиё) ташкил шуда, понздаҳ намояндагони Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ба омӯзиш ҷалб карда шудаанд. Ҳамкорӣ бо PromoFirenze - яке аз иҷрокунандагони лоиҳаи дар боло зикр шуда, дар байналмиллаликунонии ташкилотҳои хурду миёна баъди тамомшавии омӯзиш низ ба итмом намерасад. Палатаи савдо ва саноати Флоренсия дар давоми лоиҳа ба Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав барои ташкил намудани хизматрасониҳои нав ба аъзоёнашон мусоидат менамояд. Соли 2015 PromoFirenze ба Осиёи Миёна баргашта, барои ташкили маводҳои машваратӣ, ки ба хизматрасонии соҳибкории хурду миёна мавқеи худро дорад, анҷом медиҳад.

Ин омӯзиш силсилае аз омӯзишҳои барои тақвияти вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ – миёнарав ва зиёд намудани малакаи онҳо дар бахши ҳунармандӣ мебошад. Иштирокчиён усулҳои беҳтаркунии идоракунӣ, мустаҳкам намудани устуворнокии ташкилоти худро дар давраҳои гуногун имконияти омӯхтан доранд.

«Вазифаи Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав дар Қирғизистон ба устуворнокии ташкилот расидан мебошад –Элвира Карипова, Роҳбари барномаи Клуби Хизматии Бишкек фикри худро баён менамояд. Ташкилотҳои соҳибкорӣ-миёнарав ба воситаи беҳтаркунии идоракунӣ, зиёд намудани малакаи худ барои пешниҳоди маводҳои машваратии нав ба мақсад наздиктар мешаванд.» Аз 27-ум то 30-уми октябри соли 2014 омӯзиши зерин дар Душанбе баргузор мегардад.

Лоиҳаи "Ҳунармандӣ ва соҳибкорӣ ба воситаи ҳамгироии минтақавӣ ва бозори савдои боадолат" дар давоми 2 сол татбиқ гардида, он дар чаҳорчўбаи барномаи Иттиҳоди Аврупо "Осиёи Марказӣ - Инвест" маблағгузорӣ мегардад ва ба ҳамкории байни Тоҷикистон ва Қирғизистон дар рушди соҳибкории миёна, махсусан дар бахши ҳунармандӣ, вусъат мебахшад. Лоиҳаи мазкур аз тарафи Ташкилоти ғайритиҷоратии Фонди Cesvi амалӣ ва бо буҷаи 590 000 евро маблағгузорӣ карда мешавад.