Дар зарфи 9 моҳи соли равон беш аз 676 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати кориро ихтиёр намудаанд.
Бино ба иттилои маркази робита бо ҷомеаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ, давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ зиёда аз 676,3 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ ба хориҷи кишвар сафар намудаанд, ки ҳудуди 539 ҳазор нафарашонро муҳоҷирони корӣ ташкил медиҳанд ва шумори занон дар ин саф қариб ба 83,6 ҳазор нафар баробар аст.
Аксари шаҳрвандони Тоҷикистон – беш аз 530,3 ҳазор нафар муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр намудаанд. Қазоқистонро ҳудуди 6 ҳазор нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ макони кори муваққатии худ интихоб кардаанд.
Дар ин давра беш аз 279,3 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз муҳоҷирати корӣ ба ватан баргаштаанд, ки наздики 228,5 ҳазор нафарашонро мардон ва ҳудуди 50 ҳазор нафарашонро занон ташкил медиҳанд.
Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,1 млн. нафарро ташкил медиҳад.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста