Дар бозии лотерея, ки баъди хотимаи бозии дастаҳои футболи «Истиқлол» (Душанбе) ва «Шалке-04» (Олмон) миёни мухлисони футбол доир гардид, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашинаи тамғаи «Мерседкес- Бенс» бурд кард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии дастаи футболи «Истиқлол», баъди анҷоми бозии мазкур миёни мухлисон аз рӯи рақамҳои билетҳои воридшавӣ ба варзишгоҳ бозии лотерея баргузор шудааст.

«Кинотеатрҳои хонагӣ насиби донишҷӯхтари соли дуюми Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Фотима Раҳимова ва корманди «Агароинвестбонк» Валиҷон Мирзоев гардида, корманди корхонаи сементи пойтахт, сокини ноҳияи Варзоб Саидаҳмад Нарзуллоев автомашина бурад кард», - омадааст дар иттилои сомона.

«Беҳад хурсандам, ки имрӯз бахтам омад кард. Ман ба дастаи футболи «Истиқлол» барои ташкили вохӯрӣ бо дастаи Олмон ва бозии лотерея миннатдорӣ изҳор мекунам. Бозӣ хеле шавқовар сурат гирифта, албатта, таассуфовар аст, ки бозигарони мо аз зарбаҳои 11-метра ба шикаст дучор шуданд, вале ин лотерея аст, касеро бахташ механдаду касеро на», - гуфтааст Саидаҳмад Нарзуллоев.