Фестивали Ҳафтаи Аврупо дар Тоҷикистон рӯзи 25-уми октябри соли равон оғоз ёфта, то 2-юми ноябр дар шаҳри Душанбе ва ноҳияи Варзоб идома меёбад.
Бино ба иттилои намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон, барномаи Фестивал бархе аз маъракаҳоеро дар бар мегирад, ки аз тарафи Маркази фарҳангии Бохтар ва шарикони он гузаронида мешаванд, ки гуногунрангии фарҳанг ва мардуми наздикшудаи Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупоро дар назар дорад.
«Шарикони фестивал ташкилотҳои зерин мебошанд: IDEA, Ташкилоти ҳамкории Швейтсария, Сафорати Фаронса, Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ширкати Beeline», - омадааст дар маълумоти намояндагӣ.
Ба иттилои манбаъ, фестивали филмҳои аврупоӣ тавассути дастгирии DAAD, Донишкадаи ба номи Гёте, ташкилоти CESVI, Сафорати Маҷористон (Венгрия), Сафорати Испания, Сафорати Финляндия дар в Остона гузаронида мешавад.
Ҳафтаи Аврупо, ки бо ташаббус ва дастгирии Намояндагии Иттиҳоди Аврупо дар Тоҷикистон ҳамасола доир мегардад, яке аз намоёнтарин рўйдоди фарҳангӣ дар ҳаёти сокинони маҳаллӣ гаштааст. Фестивали ҳамасолаи Ҳафтаи Аврупо ба наздикшавии Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон мусоидат намуда, гуногунрангии фарҳанг, расму русуми Аврупоро ба тоҷикистониён пешкаш менамояд, ва байни мардум пулҳои фарҳангӣ месозад.
Ҳафтаи Аврупо олоти муҳим барои вусъат бахшидани маълумотнокии мардум оиди равобити байни Иттиҳоди Аврупо ва Тоҷикистон буда, нақши Иттиҳоди Аврупоро дар Тоҷикистон ва инчунин раванди наздикшавии ИА ба ҷомеаи тоҷиконро муфассал шарҳ медиҳад.
Барнома:
Оғози Ҳафтаи Аврупо:
25 октябр, соати 14:00
Намоиши асарҳои мусаввирони аврупоӣ (аз хазинаи осорхона)
Осорхонаи миллӣ
Соати 18:00
Консерти мусиқии бастакорони аврупоӣ дар иҷрои устодони санъати Тоҷикистон Театри академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ
26 октябр, соати 17:00
Намоиши аксҳо "Манзараҳои Душанбе"
Вохўрии байналмилалии суратгирон
Маркази Фарҳангии Бохтар
29 октябр, соати 11:00
Нишасти матбуотӣ, намоиши филм, намоиши маҳсули толибилмон, консерти устодони маҳаллӣ
Н. Варзоб
27-31 октябр, ҳ амарўза соати 18:00
Фестивали Филмҳои Аврупоӣ
Филми ҳуҷҷатӣ - Финландия, филмҳои бадеӣ - Маҷористон, Испания, Олмон, Италия
Маркази Фарҳангии Бохтар
1 ноябр, соати 14:00
Консерти этно-ҷаз дар иҷрои гурўҳҳои ҷавони тоҷик
(давоми фестивали этно-ҷаз Душанбе 2014)
Соати 17:00
Намоиши рақсӣ
Театри "Падида", Колледҷи хореографии ба номи М. Собирова
Театри ба номи Маяковский
1-2 ноябр, тамоми рўз
Озмуни мубоҳиса
Ҷ амъбасти мубо ҳ иса – 2 ноябр, соати 16:00
Маркази Фарҳангии Бохтар
Даромад ба ҳ амаи чорабини ҳ о озод мебошад!




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста