Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон имрӯз Созишнома миёни Тоҷикистону Туркманистон дар бораи сохтмони бино (комплекси биноҳо)-и мактаби таҳсилоти миёнаи умумии ба номи Махтумқулӣ дар иттиҳодияи кишоварзии «Эргаш Сулаймонов»-и ноҳияи Ҷиликӯлро, ки моҳи майи соли равон зимни сафари расмии президенти Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳаммедов ба Душанбе ба имзо расида буд, бидуни баррасӣ ва якдилона маъқул шуморид.
Вазири маориф ва илми Тоҷикистон Нуриддин Саид зимни суханронӣ назди вакилон дар робита ба ин масъала изҳор намуд, ки мактаби мазкур барои 540 нафар толибилмони туркманзабон аз ҷониби Ашқобод ба маблағи 3,5 млн. доллари ИМА бунёд мегардад. «Тамоми асбобу таҷҳизоти воридшаванда аз хориҷи кишвар ба Тоҷикистон барои сохтмони ин мактабро ҳукумати кишвар аз пардохти ҳама гуна навъи андозҳо озод мекунад», - иброз дошт вазир.
Ба гуфтаи Нуриддин Саид, ҳукумати ноҳияи Ҷиликӯл аллакай барои сохтмони бинои мактаб қитъаи замин ҷудо кардааст.



Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста