Ташкилоти Ҷамъиятии «Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ» ба диққати даъватшавандагон, хизматчиёни ҳарбӣ ва аъзоёни оилаи онҳо мерасонад, ки машваратҳои ҳуқуқии ройгонро барои даъватшавандагон ва хизматиёни ҳарбӣ пешкаш менамояд.

Гуфта мешавад, ҳамчунин дар ташкилот коршиноси тиббӣ фаъолият мебарад, ки доир ба қобили хизмат будан ё набудани даъватшаванда ба хизмат маслиҳат медиҳад. Телефонҳо барои робита: +992 93 333 18 03 ва +992 93 333 17 03.