Дар Агентии омори назди президенти ҶТ рӯзи 14-уми октябр маросими муаррифии таҳқиқоти «Гуногунии таркиби ғизо миёни занон» доир гардид. Таҳқиқоти мазкур дар доираи «Таҳқиқи буҷети хонаводаҳо» дар моҳи июни соли 2014 дар вилояти Хатлон баргузор шудааст.
Бино ба иттилои сомонаи расмии Агентии омори назди президенти ҶТ, дар ин маросим кормандони муассисаҳои давлатӣ ва намояндагони созмонҳои байнулмилалии ба ҳалли масъалаҳои таъмини амнияти озуқаворӣ ва ғизо ҷалбшуда ширкат варзиданд.
Бисту се нафар кормандони Агентии омор дар семинари 6 рӯзае, ки моҳи май соли 2014 дар шаҳри Курғонтеппаи вилояти Хатлон баргузор гадид нозукиҳои гузаронидани чунин тадқиқотро аз мутобиқнамоии ин барнома ба шароити кишвар то ҷамъоварию таҳлили маълумот омӯхтанд. Баъди омӯзиш, кормандони Агентии омор усули баҳодиҳии гуногунии таркиби ғизои занонро, ки ба шароити кишвар мувофиқ шуда буд тариқи таҷрибавӣ дар 4 минтақаи шаҳрнишин ва 11 минтақаи рустоии вилояти Хатлон истифода намуданд: дар маҷмӯъ бо 331 нафар занони синни солаи мёнаашон 34.5 сола мусоҳиба намуданд.
Натиҷаҳои аввалия гуногунии таркиби ғизоии занон дар вилояти Хатлонро нисбат ба тадқиқотҳои ҳамсон, ки қаблан дар кишварҳои дигар баргузор гардидааст беҳтар шумориданд: натиҷаҳо эҳтимолияти таркиби ғизоии (вуҷуди витамину минералҳо) занони ба тадқиқот фарогирифтаро хуб нишон доданд. Аммо, эҳтимол меравад, замони гузаронидани тадқиқот, ки ба моҳи июн, яъне мавсими фаровонии меваю сабзиҷот рост омад ва ин ки маълумот танҳо аз як минтақаи чуғрофӣ ҷамъоварӣ шудааст ба чунин натиҷагирӣ таъсир расонида бошад.
Дар ҷараёни маросими муаррифӣ таъкид шуд, ки гузаронидани тадқиқоти гуногунии таркиби ғизоӣ дар миқёси васеътар, ки мавсимҳои гуногуни сол, минтақаҳои мухталиф ва гуруҳҳои иҷтимоиву иқтисодии гуногунро дар кишвар фаро гирад метавонад арқоми муҳимро дар сатҳи миллӣ дар ихтиёри мақомоти тасмимгиранда гузорад. Чунин тадқиқот ҳамчунин метавонад дар муайян намудани минтақаҳо ва он қисмати аҳолӣ, ки таҳти хатари камғизоӣ ё норасоии микроэлеменҳо қарор доранд кӯмак намояд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста