Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, барои  ишғоли вазифаҳои    директорони     Муассисаи    давлатии коммуналии   «Душанбенақлиётхадамотрасон»   ва корхонаҳои  коммуналии  воҳиди давлатии «Автобус-1» озмун эълон карда шуд.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Душанбе, озмун то 14-уми ноябр идома ёфта, натиҷаи он на дертар аз  18  ноябри   соли 2014  ҷамъбаст  карда мешавад.

Гуфта мешавад, дар озмун тамоми шаҳрвандоне, ки маълумоти олӣ доранду дар мақомоти раҳбарӣ дар бахши нақлиёт  аз таҷрибаи корӣ бархурдоранд, иштирок карда метавонанд.