Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти моли хориҷии вилояти Суғд  1717737,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 284966,9 ҳазор доллари ИМА ё худ 19,9 зиёдтар аст.

Аз Раёсати Хадамоти гумруки назди ҳукумати ҶТ дар вилояти Суғд ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ доданд, ки дар муомилоти моли хориҷии вилоят 72,6% ё худ 1246931,2 доллари ИМА ба ҳиссаи кишварҳои узви ИДМ рост омада, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта дар маҷмӯъ давоми моҳҳои январ-сентябри соли ҷорӣ ҳаҷми муомилоти молӣ бо кишварҳои узви ИДМ 369028 ҳазор доллари ИМА ё худ  42% афзудааст.

Қобили зикр аст, ки дар зарфи 9 моҳи соли равон маблағи умумии содироти мол 265508,2 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил додааст, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 1281,2 ҳазор долллари ИМА ё худ 0,5% бештар мебошад.