Раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода шанбеи рӯзи 18-уми октябр ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ ташриф оварда, сокинони ноҳияро ба ҳузур мепазирад.

Бино ба иттиллои маркази матбуотии дастгоҳи раиси вилояти Хатлон, тибқи нақша раиси вилоят дар як моҳ як маротиба қабули сайёр дар  шаҳру навоҳии вилоятро мегузаронад.

Ба иттилои манбаъ, раиси вилоятро дар ин сафар роҳбарони ташкилоту идораҳои давлатӣ, роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва намояндагони расонаҳои хабарии вилоятиву ҷумҳуриявӣ ҳамроҳӣи мекунанд.

«Шаҳрвандоне, ки арзу шикоят доранду мушкилашон дар сатҳи ноҳия ҳалли худро наёфтааст, метавонанд худро субҳи рӯзи 18-уми октябр номнавис намуда, ба қабули раиси вилоят даст ёбанд», - илова кард манбаъ.