Анонс

- Дар Гӯшаи собиқадорони Осорхонаи миллии Тоҷикистон маросими тақдими нишони хотиравии Шӯрои амнияти Русия ба ду нафар иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон доир мегардад, ки дар он котиби Шӯрои амнияти Русия Николай Патрушев иштирок мекунад. Оғоз соати 08-40;

- Раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ бо ҷавонони тоҷик мулоқот ороста, атрофи вазъи кунунӣ дар кишвар ва минтақа ибрози назар мекунад. Оғоз соати 14-00;

- Олимони ҷавони бостоншиноси Тоҷикистон, Қазоқистон, Русия, Эрон ва Италия дар ноҳияи Фархори вилояти Хатлон экcпедитсия мегузаронанд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9948 сомонӣ;

1 евро - 6.3359 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1212 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2004 — Маросими ботантанаи ифтитоҳи пойгоҳи низомии 201-уми Русия дар Тоҷикистон баргузор шуд.

2008 — Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Маркази олмонӣ боз шуд.

2011 — Дар Тоҷикистон рақами ягонаи наҷотдиҳии 111 ба кор даромад.

1914-1966 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Кенҷабой Мирмуллоев.

1942 – Мавлуди профессор Мавҷуда Абдувалиева.

1943 – Зодрӯзи раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов.

1951 – Мавлуди нависанда ва журналист Карим Давлат.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +4+9, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +16+21.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +19+24, дар доманакӯҳҳо шабона -3+2, рӯзона +14+19.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +3+8, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +16+21.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +23+25.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +16+18.