Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода сафири Ҷумҳурии Белорус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Олга Гаврукро, ки дар вилояти Суғд сафари корӣ дорад, ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдории Хуҷанд, Раҷаббой Аҳмадзода аз вусъатёбии ҳамкории соҳибкорон ва ширкатҳои гуногуни шаҳри Хуҷанд бо ҳамтоёни худ аз Ҷумҳурии Белорус изҳори қаноатмандӣ намуд.

Гардиши молу маҳсулоти корхонаю муассисаҳои шаҳри Хуҷанд соли гузашта 15,5 миллион доллари ИМА ташкил дод, ки он 4,3 фоизи аз ҳаҷми умумии гардиши моли хориҷиро ташкил медиҳад.

Асосан аз кишвари Белорус ба шаҳри Хуҷанд қанду шакар, доруворӣ, маводи истеҳсоли мебел ва худи мебел, воситаҳои нақлиёт, ҳамчунин маҳсулоти қолинӣ ва атриёт ворид мешавад.

Ба ин кишвар бошад аз маркази вилоят ба Ҷумҳурии Белорус шаклу намудҳои гуногуни мева, ресмон ва маводи ҳунарҳои мардумӣ содир мешаванд. Айни ҳол коргоҳи «Нассоҷи Хуҷанд» робитаи хуби ҳамкорӣ дошта он торафт густариш меёбад.

«Шаҳри Хуҷанд бо шаҳри Могилёв бародаршаҳр гашт ва нақшаи сафари соҳибкорон ба кишварҳои ҳамдигар рӯи кор омадааст»,- қайд намуд раиси шаҳри Хуҷанд.

Сафир Олга Гаврук  иттилоъ дод, ки барои таҳкими ин ҳамкориҳо ӯро ҳайати роҳбарияти яке аз ширкатҳои бонуфузи кишвараш - Ширкати истеҳсоли маҳсулоти сохтмонии «Алютех» хамроҳӣ менамояд, ки натиҷаи ҳамкории шаҳри Хуҷандро бо Ҷумҳурии Белорус устувор хохад кард. Намояндаи ширкати номбурда давоми як моҳ дар шаҳри Хуҷанд заминаҳои ҳамкориро омӯхта,барои бештар намудани самтҳои ҳамкорӣ сайъ хоҳад кард.

«Сафари имсоли президенти ҶТ Эмомалӣ Рахмон ба Ҷумҳурии Белорус ба ҳамкориҳои тарафҳо вусъати тоза  бахшид. Дар ҳамин замина ҳоло дар шаҳри Хуҷанд имкониятҳою захираҳои зиёди ҳамкорӣ бо ин кишвар мавҷуд аст. Таъсиси корхонаи муштараки мебелбарорӣ дар асоси Коргоҳи мебелбарории шаҳри Хуҷанд, коргоҳи истеҳсоли маҳсулоти сохтмонӣ ва гайра сарчашмаҳои нави ҳамкории манфиатовар буда метавонанд», - афзуд Раҷаббой Аҳмадзода.