Тантанаҳои сатҳи шаҳрии ҷашни 90-солагии мақоми пойтатро доро гардидани шаҳри Душанбе  субҳи 17 октябри соли 2014 дар Муассисаи давлатии «Душанбе-Плаза» бо иштироки раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оғоз гардид.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти мақомоти шаҳрдори пойтахт, дар ин ҳамоиши идона, ки бо ширкати сокинони 90-солаи шаҳри Душанбе ва собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо  сурат гирифт, Маҳмадсаид Убайдуллоев ҳар яки онҳоро нисбати дар масири солҳо вобаста аз имкониятҳо  дар пешрафти шаҳр саҳми арзанда гузоштанашон  изҳори миннатдорӣ намуд.

Гуфта мешавад, дар арафаи ин ҷашни бошукуҳ  бо Қарори марбутаи Раиси шаҳри Душанбе 85 нафар сокинони 90-солаи шаҳр ва 66 нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо бо маблағҳои молиявӣ қадрдонӣ карда шуданд.

«Барои ин иқдом аз буҷети шаҳр 161 ҳазор сомонӣ бо инобати ба 20 нафар сокинони 90-солаи иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ 1500 сомонӣ ва  65 нафар сокини 90- солаву 66  нафар собиқ раисони шаҳру муовинони Раиси шаҳр ва раисони ноҳияҳо 1000  сомонӣ, масраф гардид», - омадааст дар хабари мақомоти шаҳрдорӣ.