Дар ноҳияи Шӯрообод, ки бо кишвари ҳамсояи Афғонистон ҳаммарз аст, бунёди 3 маркази амалкарди фаврӣ ба офатҳои табиӣ ва кумак ба осебдидагон аз ин офатҳо ба итмом расид.

Сардори ситоди минтақавии ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании минтақаи Кӯлоб полковник Рамазон Неъматов дар ин робита изҳор намуд, ки ҳангоми барфрезии зиёд, омодани сел ва дигар офатҳои табиӣ равуо ба маркази маркази ноҳия, ки дар он ҷо ҳамаи нерӯҳои наҷотдиҳанда, захираҳои ғизову маҳсулоти зарурати аввалия мутамарказанд, ғайриимкон мегардид ва барои расонидани кумак ба осебдидагон лозим меомад, ки роҳи даври гузари тӯлониро тариқи тамоми минтақа тай намуд.

Ба гуфтаи ӯ, акнун бо бунёди ин марказҳо ба кумаки фаврӣ зимни офатҳо дар Шӯрообод дигар ба роҳу алоқа ниёзе боқӣ намемонад.

«Яке аз марказҳо дар ҷамоати Сари Чашма бунёд карда шуд, ки маҳз дар ҳамин ҷо давоми моҳҳои апрел-майи соли ҷорӣ бар асари офати табиӣ 14 нафар ҷонашонро аз даст доданд», - гуфт Р.Неъматов ва илова намуд, ки бо ёрии ҳукумати ноҳия ва созмони байнулмилалии OXFAM марказҳо бо тамоми асбобу таҷҳизот ва маҳсулоти зарурии ниёзи аввалия таъмин карда шудаанд.

Дар ҳамин ҳол, дар зарфи 9 моҳи соли 2014 дар минтақаи Кӯлоб 6 ҳодисаи офати табиӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 14 нафар ҳалок ва маблағи зиёни моддии расида аз он 7 млн. 626 ҳазору 861 сомониро ташкил додааст.