Зимни мулоқоти директори КВД-и федералии «Хизматгузорӣ ба расмиёти шиносномаву раводид»-и вилояти Амури Русия Денис Карташов бо корманди ба ҳавзаи федералии Шарқи Дур сафарбаршудаи намояндагии Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҶТ дар Русия оид ба муҳоҷират намояндаи Русия изҳор намудааст, ки дар ин вилоят корхонаҳои зиёди сохтмониву истеҳсолӣ фаъолият доранд, ки ба ҷалби муҳоҷирони кории хориҷӣ, аз ҷумла аз Тоҷикистон омодаанд.

Бино ба иттилои сухангӯи намояндагӣ Иброҳим Аҳмадов, зимни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ миёни сохторҳои давлатӣ ва субъектҳои хоҷагидории минтақаро, ки ба ҷалби қувваи корӣ аз хориҷи кишвар мнфиатдоранд, баррасӣ намуданд.

Денис Карташов омодагии корхона ҷиҳати мусоидат ба намояндагӣ дар ин самтро изҳор доштааст. Барои омӯзиши дақиқи талаботи бозори кор ва минбаъд таҳия намудани механизмҳои сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирони корӣ тасмим гиифта шудааст, ки дар фурсати наздиктарин вохӯрии намояндагони мақомоти дахлдор ва субъектҳои хоҷагидори манфиатдори ин минтақа гузаронида шавад.