Рӯзи шанбеи ҳафтаи сипаришуда дар ҷамоати Даштиҷуми ноҳияи Шӯрообод иди «Меҳргон» бо фестивали пуршукӯҳи себ ҷашн гирифта шуд, ки дар он беш аз 500 нафар иштирок карданд.

Раиси ноҳияи Шӯрообод Амирхон Икромов ба журналистон дар ин робита изҳор намуд, ки дар баргузории ин чорабинӣ ташкилоти ҷамиятии «Зан ва Замин»-и ҷамоати мазкур саҳми беандоза гузоштанд.

«Дар фестивал натанҳо боғдорону фермерону соҳибкорон, шоирону омӯзгорон ва толибилмони мактабҳои ноҳия, балки намояндагони Академияи илмҳои ҶТ, Фонди Кристинсен дар Тоҷикистон, Вазорати кишоварзӣ, Пажуҳишгоҳи боғдорӣ ва сабзавотпарварии Акдемияи илмхои кишоварзӣ, Маркази миллии ҷумҳуриявии захираҳои генетикӣ, Донишгоҳи аграрӣ ва бисёр ташкилотҳои ҷамъиятии кишвар низ ҳузур доштанд», - иброз дошт ӯ.

Тавре А.Икромов қайд кард, агар Муъминобод бо навъҳои картошкаи худ машҳур бошад, Шӯрообод бо навъҳои хусифати себаш маъруф аст ва вазифаи асосӣ нигоҳ доштани гуногуншаклии биологӣ бо таваҷҷуҳ ба навъҳои маҳаллии мева ва дигар зироатҳо аст.

Зимнан зикр гардид, ки дар баргузори чорабинии мазкур мебояд кумаки назарраси ташкилоти ҷумҳуриявии ҷамъиятии «Ҳамкорӣ баҳри тараққиёт» таҳти раҳбарии доктори илмҳои кишоварзӣ Қурбоналӣ Партоевро низ қайд намуд.