Зимни сафар ба ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ раиси вилояти Хатлон Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода изҳор намуд, ки ноҳияи Ёвон ба ноҳияи саноатӣ табдил ёфтааст.
«Соҳибкорони ноҳияи Ёвон танҳо дар ҳамин сол 10 корхонаи саноатии бузург, аз ҷумла корхонаи истеҳсоли семент бо иқтидори беш аз 1 млн. тонна дар як сол ба маблағи 105 млн. доллар сармоягузории хориҷӣ, фабрикаи мурғпарварӣ барои парвариши 540 ҳазор сар мурғ ва истеҳсоли 1,8 ҳазор тона гӯшти мурғ дар як сол, корхонаи дӯхти либосҳои кӯдакона ва ҷуроб бо иқтидори 1 ҳазор ҷуфт либоси кӯдакона ва 750 ҳазор ҷуфт ҷуроб дар як моҳ, корхонаи истеҳсоли варақаҳои оҳаксанг(гипсокартон), корхонаи коркарди пахта бо иқтидори 15 ҳазор тонна пахта дар як сол ва фермаи парвариши чорвои калони шохдорро ба истифода медиҳанд», - гуфт раиси вилоят.
Ба қавли ӯ, «соҳибкорони ноҳияи Ёвон гуфтаҳои президенти мамлакат дар Паёми охирин, ки «давлати Тоҷикистонро бояд ба давлати индустриалӣ табдил бидиҳем», тавонистанд дар амал татбиқ намоянд».
«Аммо соҳибкорони ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ аз чӣ бошад чунин иқдоми соҳибкорони ёвониро дар ноҳияи худ амалӣ намекунанд. Ҳамон соҳибкорони ёвонӣ низ мисли Шумоянд. Корхонаҳои саноатии ноҳияи Ҷ.Румӣ нақшаи истеҳсоли маҳсулоти саноатиро ҳамагӣ 75% иҷро кардаанд. Дар дигар ноҳияҳо, аз ҷумла Ёвон вазъ дигар аст, ки бояд Шумо омӯзед», - қайд кард Гулмаҳмадзода.
Раиси вилоят ҳамчунин қайд кард, ки дар ноҳияи Ҷалолиддини Румӣ соҳибкорони муваффақ зиёданд, ки имкони таъсиси корхонаҳои саноатиро доранд. «Бубинед, ки дар 100-200 ҳазор доллар мошин мехарему як корхона намесозем. Он мошинҳои қиматбаҳои Шуморо фардо фарзандонатон савор намешаванд, зеро куҳна хоҳанд шуд. Агар дар ҳамон 100-200 ҳазор доллар як корхона бисозед, барои фарзандонатон мероси хубе хоҳад шуд, - илова кард раиси вилоят.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста