Пас аз як шабонарӯзи бедарак шудан, кормандони милиса Субҳияи Абдуназари 9-солаи сокини пойтахтро дарёфт ва ба волидонаш супурданд.

Модари Субҳия ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки духтарчаро, ки рӯзи гузашта бедарак шуда буд, дар мавзеи наздики Кӯли ҷавонон як зани фурӯшандае дида, ба хонааш бурдааст ва субҳ дар ин бора ба мақомоти милиса хабар додааст.

Ба гуфтаи волидони духтар, ки ба идораи «Азия-Плюс» муроҷиат намуда буданд, соати 11-и рӯзи якшанбе Субҳия ба берун барои сайругашт баромада, дигар ба хона барнагашта буд. Онҳо ба кормандони милиса муроҷиат карда, сокинони хонаҳои гирду атрофро пурсуҷӯ карда буданд, вале ҳамааш бенатиҷа анҷом ёфта буд.

Кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз падару модарон даъват мекунанд, ки ба фарзандонашон бештар таваҷҷуҳ зоҳир намуда, онҳоро бенигоҳубин нагузоранд.