Намояндаи ягона аз Тоҷикистон - Маҳмадӣ Маҳмудови 15-сола дар Ҷашнвораи V-уми байнулмилалии хайрияи «Белая трость»-и овозхон Диана Гуртская дар шаҳри Маскав иштирок кард.

Идибек Маҳмудов, падари Маҳмадӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки дастандаркорони ҷашнвора бо мусоидати Кумитаи телевизиону радио онҳоро ба ин чорабинӣ даъват карда, нахуст онҳо сабтҳои овози Маҳмадиро исрол намудаанд, вале танҳо баъди дастрас кардани овози зиндаи наврас, даъватнома фиристодаанд.

Ба гуфтаи падари наврас, Маҳмадӣ дар ҷашнвораҳои гуногун барои шахсони қобилияташон маҳдуд дар Тоҷикистону Туркия ва Корея низ ширкат варзидааст. Маҳмадӣ дар интернат барои нобиноён дар Ҳисор таҳсил мекунад ва озодона аз малакаи мусиқӣ навохтан дар пианинову синтезатор бархурдор аст.

Соли равон дар ҷашнвораи мазкур овозхонони маъруф Алсу, Наташа Королева, Александр Малинин, Олег Газманов, Анита Тсой, Марк Тишман, Зара, гурӯҳи «А-студио», Марина Девятова ва ҳамчунин кӯдакону наврасон аз 10 кишвари собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ иштирок карданд.

Қобили зикр аст, ки феълан дар Тоҷикистон расман ҳудуди 10 ҳазор нафар маъюбони дорои бемориҳои нобиноӣ ба қайд гирифта шудаанд.