Анонс

- Дар Душанбе маросими имзои Созишнома миёни ҳукумати Русия ва барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон оид ба оғози амалисозии лоиҳаи «Беҳбуди некӯаҳволии як миллион аҳолии деҳоти дар нуҳ ноҳияи Тоҷикистон иқоматдошта» баргузор мегардад, ки аз ҷониби Русия маблағгузорӣ мешавад.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9930 сомонӣ;

1 евро - 6.3789 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.121 4 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2009 — Дар Душанбе миёни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки авруосиёии рушд (БАОР) дар бораи шартҳои фаъолияти Бонк дар ҶТ созишнома ба имзо расида, намояндагии БАОР ифтитоҳ гардид.

2010 — Дар Душанбе Кумитаи ҳимояти ҳуқуқҳои касбии журналистони Тоҷикистон – «Кумитаи 29-уми сентябр» таъсис дода шуд.

1921 – Зодрӯзи шоираи русзабони Тоҷикистон Марианна Фофанова.

1929 – Мавлуди доктори улуми биологӣ, профессор Маҳмуд Исмоилов.

1934 – Зодрӯзи олими фолклоршинос Нурулло Азимов.

1951 – Мавлуди нависандаи ӯзбекзабони Тоҷикистон Мафтун Ҷӯра.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +7+12, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +6+11, рӯзона +17+23.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +5+10, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона -1+5, рӯзона +16+21.

Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, аксаран бидуни боришот.      

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +4+9, рӯзона +14+19;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +6+11.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +3+8, рӯзона +21+26, дар доманакӯҳҳо шабона +4+8, рӯзона +18+23.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.  

Ҳарорат: шабона +4+6, рӯзона +24+26.

Дар шаҳри Қӯрғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +24+27.

Дар шаҳри Хуҷанд — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.

Ҳарорат: шабона +5+7, рӯзона +22+25.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, бидуни боришот.   

Ҳарорат: шабона +7+9, рӯзона +17+19.