Рӯҳонии маъруфи минтақаи ҷануби ҷумҳурӣ мулло Ҳайдар (Ҳайдар Шарифов) пешниҳод кард, ки дар минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон намояндагии Маркази исломии Тоҷикистон (муфтиёт) боз карда шавад.
Тавре ба «Азия-Плюс» мудири шуъбаи умури дини минтақаи Кӯлоб Шариф Абдулҳамидов хабар дод, ин пешниҳодро ӯ зимни семинар-машварате иброз доштааст, ки муовини раиси Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди ҳукумати Тоҷикистон Ҷумъахон Ғиёсов дар Кӯлоб гузаронидааст.
Ба гуфтаи ӯ, мулло Ҳайдар ин пешниҳоди худро бо он асоснок кардааст, ки дар минтақа дар маҷмӯъ 558 масҷид амал карда, 558 нафар имомхатибон дар ҳалли мушкилот аксаран намедонанд, ки ба Кумита муроҷиат кунанд ё Маркази исломӣ.
«Фаъолияти намояндагии Маркази исломӣ дар минтақа садҳо нафарро аз мушкилоти зиёдатӣ ҳам дар Душанбеву ҳам дар Кӯлоб раҳо карда, ба ҳаллу фасли зудтари онҳо мусоидат мекунад», - иброз доштааст мулло Хайдар.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста