Дар доираи сафар ба Русия раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев шоми рӯзи 22-юми октябр дар шаҳри Маскав бо муовини аввали нахуствазири Русия, ҳамраиси комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Русия оид ба масоили ҳамкорӣ дар бахши иқтисод Игор Шувалов дидору гуфтушунид кард.
Тавре ёвари раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Шавкат Саидов хабар дод, зимни гуфтушунид бо иштироки ҳайати васеи ҳукуматҳо ҷонибҳо масъалаҳои истифодаи низоми соддаи супурдани имтиҳонҳо барои муҳоҷирони кории тоҷик аз забони русӣ ва таърихи Русия, ҳамчунин роҳандозии супурдани ин имтиҳонҳо бевосита дар худи Тоҷикистонро баррасӣ намуданд.
«Дар ҷараёни мулоқот ҳамчунин ҷараёни амалисозии қарордодҳои қаблан ба имзорасида миёни Тоҷикистону Русия низ баррасӣ шуда, ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки тамоми масъалаҳои баррасишуда мавриди омӯзиши дақиқи гурӯҳҳои корӣ қарор гирифта, сипас барои муҳокима ба ҷаласаи навбатии комисссияи байниҳукуматии кишварҳо пешниҳод мегарданд», - гуфт Саидов.
Ёдрас мекунем, ки аз 1-уми сентябр муҳоҷирони корӣ дар Русия барои гирифтани иҷозатномаи кор ба супурдани имтиҳонҳо аз забони русӣ, таърихи Русия ва асосҳои қонунгузории ин кишвар уҳдадор шуданд. Агар шахсе, ки хоҳиши ворид шудан барои кор ба Русияро дошта бошад, дар сурати надоштани ҳуҷҷат дар бораи маълумоти Иттиҳоди Шӯравӣ то 1 сентябри соли 1991, бояд ин имтиҳонҳоро супорад ва ба сертификати дахлдор соҳиб шавад.
Бино ба маълумоти Хадамоти муҳоҷирати кишвар, ҳамасола ҳудуди 900 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон муҳоҷирати корӣ дар Русияро ихтиёр мекунанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи маълумоти Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия, айни замон шумори муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия ҳудуди 1,2 млн. нафарро ташкил медиҳад.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста