Танҳо тайи ҳафтаи ахир ба 42 шаҳрванди Тоҷикистон, ки аз фурудгоҳи Душанбе ба Русия сафар карда буданд, вуруд ба ин кишвар манъ гардида, онҳо маҷбур шуданд, ки ба ватан баргарданд. Дар ин бора ба «Азия-Плюс» як манбаъ аз Раёсати хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии ҷумҳурӣ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, ин шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки ба вурудашон ба Русия иҷозат дода нашуд, қаблан барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар аз Русия хориҷ карда буданд.
«Сарфи назар аз чандин маротиба огоҳ кардан, ҳамеша афроде ҳастанд, ки боз ба Русия рафтанӣ мешаванд, ҳарчанд барои қонуншиканӣ роҳ ба сӯйи Русия барои онҳо муддати се-панҷ сол баста аст», - гуфт манбаъ.
Намояндаи хадамоти муҳоҷират ҳамчунин қайд кард, ки аз нимаи дуюми моҳи октябр бозгашти мавсимии аксари муҳоҷирони кории тоҷик аз Русия ба ватан оғоз мегардад.
«Масалан, ҳафтаи гузашта 8 ҳазору 618 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон аз фурудгоҳи Душанбе ба шаҳрҳои гуногуни Русия раҳсипор шуданд, ки 1 ҳазору 598 нафарашонро занон ташкил доданд ва дар ин муддат 14 ҳазору 764 нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ аз Русия ба фурудгоҳи Душанбе баргаштанд, ки 2 ҳазору 854 нафарашон занон мебошанд», - таъкид дошт ҳамсуҳбати «Азия-Плюс».
Зимнан хотиррасон шуд, ки айни замон барои риоя накардани тартиботи будубош дар Русия, ба беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон вуруд ба ин кишвар манъ шудааст. Феълан Тоҷикистону Русия оид ба масъалаи афви баъзе гурӯҳҳои муҳоҷирони кории вурудашон ба Русия манъшуда машваратҳо мегузаронанд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста