Дар доираи сафари расмӣ ба Русия раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ба хотири эҳтироми иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар пояи муҷассамаи аскари номаълум дар девори Кремл гулчанбар гузошт.

Тавре ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, сипас зимни мулоқоти М.Убайдуллоев бо раиси вилояти Маскав Андрей Воробев масъалаҳои ҳимояи манфиатҳои муҳоҷирони кории тоҷик ва таъсиси марказҳои хизматгузорӣ (логистикӣ) барои маҳсулоти воридшаванда аз Тоҷикистон ба ин вилоят баррасӣ шуданд.

Бино ба гуфти ӯ, дар ҷараёни вохӯрӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев пешниҳод кардааст, ки барои тоҷикони этникии дар вилояти Маскав иқоматдошта мактабҳо тоҷикӣ кушода шавад.

«Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки то аввали моҳи декабр оид ба омода кардани лоиҳаи созишномаҳои дахлдор миёни Тоҷикистон ва вилояти Маскав гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шавад», - афзуд Ш.Саидов.