Анонс

- Маликаи Дания Мари дар доираи сафар ба Тоҷикистон аз Маркази захиравии тренингии назди Пажуҳишгоҳи педиатрия ва  Маркази миллии тавонбахшӣ барои кӯдакон ва наврасон дар ноҳияи Варзоб боздид мекунад. Худи ҳамин рӯз малика дар ҷараёни хизматгузории тавонбахшии тиббӣ барои кӯдакони гирифтори бемории полиомиелит иштирок мекунад. Дар ин сафар маликаи Данияро мудири минтақавии Созмони ҷаҳонии тандурустӣ Жужанна Якаб, ки санаи 23-юми октябр ба Тоҷикистон меояд, ҳамроҳӣ мекунад;

- Дар Донишгоҳи давлатии ба номи Ломоносови шаҳри Маскав Форуми IV-уми байнипарлумонии «Русия – Тоҷикистон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» ва Конфронси III-юм оид ба ҳамкории байниминтақавии Русия ва Тоҷикистон баргузор мешаванд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9938 сомонӣ;

1 евро - 6.3318 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.121 4 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

2012 — Раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ дар Маскав бо раиси Шӯрои муфтиёти Русия Равил Гайнутдин мулоқот кард.

2013 — Парлумони Тоҷикистон лоиҳаи барномаи қарзҳои хориҷӣ барои солҳои 2014-2016-ро тасдиқ намуд.

1956 – Зодрӯзи муовини раиси шаҳри Душанбе (собиқ муовини нахуствазири ҶТ) Руқия Қурбонова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат ва дар ноҳияҳои доманакӯҳ боришоти шадид, раъду барқ, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона +9+14, рӯзона +11+16.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, баъзан боришоти шадид, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +12+17, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +8+13.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +13+18;  дар шарқи вилоят шабона -5-10, рӯзона +3+8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, баъзан боришоти шадид, раъду барқ.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +13+18, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +10+15.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: шабона +10+11, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +17+19.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +15+17.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, борони кӯтоҳмуддат меборад.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +14+16.