- Сарфи назар аз обуҳавои номусоиди имрӯза, Фурудгоҳи байнулмилалии Душанбе (ФБД) бо реҷаи муқаррарӣ фаъолият дошта, парвози ҳавопаймоҳо мавқуф гузошта нашудааст, - итминон дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии ФБД Муҳаммадюсуф Шодиев.

Номбурда изҳор кард, ки алҳол фазои аёнӣ (дидашаванда) дар фурудгоҳ хуб буда, парвоз ва фурудоии ҳавопаймоҳо тариқи ҳамаи хатсайрҳо саривақт сурат мегирад.

Дар ҳамин ҳол, тибқи нишондоди онлайн-таблои хатсайрҳои ҳавоӣ, аллакай парвози ҳавопаймоҳо ба Кобул, Бишкек ва Челябинск ба таъхир гузошта шудаанд. М.Шодиев дар ин робита зикр кард, ки ба парвози ҳавопаймоҳо тариқи ин хатсайрҳо обуҳавои номусоид дар ин шаҳрҳо (нуқтаи таъинот) монеъа эҷод кардааст.

Бино ба маълумоти Муассисаи давлатии обуҳавошиносии Тоҷикистон, имрӯз ба кишвари мо маҷрои ҳавои сард ворид шуда, ҳарорати ҳаво рӯзона то 7-9 дараҷа поин меравад. Дар пойтахти ҷумҳурӣ ҳарорати ҳаво 17 дараҷа гарм буда, боридани борон дар назар аст.

Обуҳавошиносон қайд мекунанд, ки дар ин рӯз обуҳаво абрноки ноустувор боқӣ монда, дар водиҳо борони кӯтоҳмуддат ва дар манотиқиӣ доманакӯҳ борони шадид бо шамоли сахт дар назар буда, дар баъзе мавзеъҳо барф ҳам меборад.