Чанде қабл дар шаҳри Маскав вохӯрии вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Сумангул Тағойзода бо роҳбари Хадамоти федералии муҳоҷирати Русия Константин Ромодановксий баргузор шуд, ки дар он маҷмӯи васеи масъалаҳои муҳму рӯзмаррра ва дурнамои ҳамкориҳо дар бахши муҳоҷират мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Тавре ба «Азия-Плюс» сухангӯи намояндагии мақомоти муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия Иброҳим Аҳмадов хабар дод, дар мулоқот ба ҷараёни амалисозии қарордодҳо оид ба бекор кардани манъи вуруд ба Русия барои гурӯҳҳои ҷудогонаи шаҳрвандони Тоҷикистон, ки қаблан оид ба манъи вуруди онҳо ба қаламрави Русия бинобар сабаби риоя накардани қонунгузории муҳоҷирати ин кишвар қарор қабул шудааст, таваҷҷуҳи хосса зоҳир шуд.

Ба гуфтаи ӯ, ҷонибҳо ҳамчунин атрофи масъалаҳои марбут ба бо бима (суғурта)-и тиббӣ ва иҷтимоӣ фаро гирифтани муҳоҷирони кории тоҷик дар Русия, беҳбуди самаранокии тадбирҳо оид ба омодасозии муҳоҷирони корӣ дар дохили кишвари онҳо ва сафарбарии муташаккилонаи муҳоҷирон табодули назар намуданд.

Ёдрас мекунем, ки айни замон барои қонуншиканӣ дар бахши муҳоҷирати Русия, ба беш аз 200 ҳазор нафар шаҳрвандони Тоҷикистон иҷозаи вуруд ба ин кишвар манъ шуда, онҳо муддати 3-5 сол ба сафар ба қаламрави Русия ҳуқуқ надоранд.