Рӯзи сешанбеи ҳафтаи оянда, 28-уми октябр дар Тоҷикистон боридани барфи аввал дар назар аст.

Бино ба маълумоти обуҳавошиносон, рӯзҳои 27-28-уми октябр дар ҷумҳурӣ обуҳавои ноустувор дар назар буда, борони шадид меборад ва минбаъд ба барф мубаддал мегардад. Ҳамчнуин дар ин рӯзҳо пурзӯр шудани шамол аз самти шимолу ғарб то 15-20 метр дар як сония ва дар вилояти Суғд то 25 метр дар як сония пешбинӣ шуда, дар минтақаи ҷануби кишвар баъзан чангу ғубор мефарояд.

Обуҳаво рӯзона дар водиҳо то 10-15 дараҷа ва дар минтақаи шимоли кищвар то 16-15 дараҷа поин меравад.

Рӯзи 27-уми октябр дар шаҳри Душанбе аввал борон борида, сипас ба барф мубаддал мегардад. Рӯзи душанбе ҳарорати ҳаво дар пойтахт 12-14 дараҷа гарм шуда, шаби сешанбе ҳарорати ҳаво то 5-7 дараҷа гарм ва рӯзона 6-8 дараҷа гарм мешавад.

Тибқи маълумоти пешакӣ, аллакай рӯзи 29-уми октябр обуҳаво дар ҷумҳурӣ мусоид гардида, боришоти назаррас дар назар нест ва ҳарорати ҳаво рӯ ба гармӣ меорад.