Анонс

- Маликаи Дания Мари, ки дар Душанбе  қарор дорад, бо фаъолияти Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино, маркази солимии деҳот дар ноҳияи Ваҳдат ва Маркази миллии солимии репродуктивӣ шинос мешавад;

- Собиқадорони дастаҳои футболи «Помир»-и Душанбе ва «Спартак»-и Маскав ҷиҳати иштирок дар бозиии дӯстона миёни ин дастаҳо, ки санаи 25-уми окябр доир мегардад, ба шаҳри Душанбе меоянд.

Қ урби асъор

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА -  4.9935 сомонӣ;

1 евро - 6.3317 сомонӣ;

1 рубли русӣ - 0.1205 сомонӣ.  

Як р ӯ зи таърих

Рӯзи Созмони Милали Муттаҳид

1945 — Оиннномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки санаи 26-уми июн ба имзо расида буд, мавриди амал қарор гирифт.

2008 — Дар Тоҷикистон форуми III-юми «Русия – Тоҷикисон: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» баргузор шуд.

2012 — Суди шаҳри Хуҷанд дар бораи барҳам додани Ассотсиатсияи ҳуқуқшиносони ҷавони «Ампаро» ҳалнома содир намуд.

1914-1989 – Зодрӯзи сароянда, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Ҳалим Тоҳиров.

1957 – Мавлуди бостоншинос Набиҷон Раҳимов.

1973 – Зодрӯзи раққоса Дилором Сатторова.

Вазъи обуҳаво

Дар вилояти Хатлон —  Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +9+14, рӯзона +20+25, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +15+20.

Дар вилояти Суғд — Обуҳавои тағйирёбанда, субҳ ва шомгоҳон дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона аксаран бидуни боришот, баъзан туман мефарояд.

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +15+20, дар доманакӯҳҳо шабона +2+7, рӯзона +10+15.

Дар Вилояти Мухтори К ӯ ҳистони Бадахшон — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона баъзан борони кӯтоҳмуддат меборад, рӯзона аксаран бидуни боришот.     

Ҳарорат: дар ғарби ВМКБ шабона +2+7, рӯзона +12+17;  дар шарқи вилоят шабона -2-7, рӯзона +3+8.

Дар Ноҳияҳои тобеи марказ   — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона дар ноҳияҳои ҷудогона борони кӯтоҳмуддат, раъду барқ, рӯзона бидуни боришот, баъзан туман мефарояд..

Ҳарорат: дар водиҳо шабона +8+13, рӯзона +18+23, дар доманакӯҳҳо шабона +4+9, рӯзона +12+17.

Дар шаҳри Душанбе — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +8+10, рӯзона +21+23.

Дар шаҳри Қ ӯ рғонтеппа — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +12+14, рӯзона +22+24.

Дар шаҳри Ху ҷ анд — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, раъду барқ, рӯзона бидуни боришоти назаррас.

Ҳарорат: шабона +14+16, рӯзона +18+20.

Дар шаҳри Хоруғ — Обуҳавои тағйирёбанда, шабона борони кӯтоҳмуддат меборад, рӯзона бидуни боришоти назаррас.  

Ҳарорат: шабона +2+4, рӯзона +15+17.