Бо мақсади ошкор намудани ҳолатҳои васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ширкати саҳҳомии холдинги кушодаи «Барқи тоҷик» дар муҳлати амали реҷаи маҳдуди истифодаи барқ дар кишвар, ки ахири моҳи сентябр ҷорӣ гардид, телефонҳои бовариро роҳандозӣ намуд.

Котиби матбуотии ширкат Нозир Ёдгорӣ ба «Азия-Плюс» дар ин робита иттилоъ дод, ки васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ, ки аз ҷониби афроди ҷудогона сурат мегирад, ба интиқоли нерӯи барқ ба истеъмолгарони боинсофу бовиҷдон, ки саривақт маблаги истифодаи барқро пардохт мекунанд,  таъсири манфӣ мерасонад.

«Тариқи тамос бо рақамҳои телефонҳои боварии 235-86-74 ва 235-86-84 шаҳрвандон метавонанд дар бораи вайрон кардани реҷаи интиқоли нерӯи барқ дар минтақаҳо ва ҳолатҳои васли ғайриқонунӣ ба шабакаҳои барқ ба ширкат хабар диҳанд», - гуфт Ёдгорӣ.