Дар мактаби таҳсилоти умумии №28-и пойтахт бо иштироки котиби дуюми сафоратхонаи Ҷопон дар ҶТ Епиширо Хонрие, намояндаи Вазорати маориф ва илми ҶТ Ҷалолиддин Амиров сармутахассиси Раёсати маорифи шаҳри Душанбе Ҳусейн Маҳмадов, директори мактаби мазкур Гулчеҳра Ғаниева ва менеҷери ТҶ «Рушди Инклюзия» Замира Набиева маросими ифтитоҳи синфҳои инклюзивӣ (фарогир) дар ин мактаб доир гардид.
Котиби сафоратхонаи Ҷопон қайд кард, ки Ҷопон баҳри рушди минбаъдаи фаъолияти макотиби таҳсилоти умумӣ ҳамаҷониба кӯшиш ба ҳарҷ медиҳад, то ки шумори бештари кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ таҳсил карда тавонанд, зеро на ҳамаи онҳо аз чунин имконот бархурдоранд.
Ҷалолиддин Амиров изҳор намуд, ки ҳукумати Ҷопон дер боз ба кӯдакони имконияташон маҳдуд ва таҷҳизонидани мактабҳо бо шароитҳои таҳсил барои чунин кӯдакон дасти ёрӣ дароз мекунад. «Аҳолӣ бояд дарк кунад, ки кӯдакони имконияташон маҳдуд бояд дар мактабҳои таҳсилоти уммӣ ба таҳсил фаро гирифта шуда, аз нигоҳи иҷтимоӣ ба ҳаёт мутобиқ карда шаванд», - иброз дошт Амиров.
Ба гуфтаи ӯ, айни замон дар ҷумҳурӣ 14 мактаб-интернат барои афроди имконияташон маҳдуд фаъолият доранд, ки дар онҳо зиёда аз 1900 нафар кӯдакон таълим мегиранд. «Дар мактабҳои маъмулӣ бо ҳамсолони солими худ таҳсил кардани кӯдакони имконияташон маҳдуд беҳтару мувофиқи мақсад аст», - мутмаин аст Амиров.
Бино ба маълумоти Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, феълан беш аз 5 ҳазор нафар кӯдакони имконияташон маҳдуд дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии ҷумҳурӣ таҳсил мекунанд.
Қобили зикр аст, ки лоиҳаи мазкур дар ҳаҷми 329 ҳазор доллари ИМА пурра аз ҷониби ҳукумати Ҷопон маблағгузорӣ шуда, дар ҳамдастӣ бо Вазорати маориф ва илми ҶТ, Ташкилотҳои ғайриҳукуматии маҳаллии «Ирода» ва «Рушди Инклюзия» амалӣ шуд.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста