Ба муносибати таҷлили ҷашни 20-умин солгарди қабули Конститутсия (Сарқонун)-и Тоҷикистон дар ноҳияи Ғончии вилояти Суғд ду иншооти таъиноти иҷтимоӣ - бинои тозабунёди беморхонаи №2 дар деҳаи Ҳазорчашма ва толори варзишӣ дар деҳаи Басманда мавриди истифода қарор гирифт.
Бино ба иттилои хадаомти матбуоти раиси вилояти Суғд, дар маросими ифтитоҳи иншооти мазкур муовини якуми раиси вилояти Суғд Ҷумъабой Сангинов ва роҳбарияти ноҳия иштирок намуданд.
Ба иттилои манбаъ, сохтмони бинои нави беморхонаи ноҳиявии №2 деҳаи Ҳазорчашмаи ҷамоати Муҷун соли 2012 бо ташаббуси мардуми маҳал тариқи ҳашар оғоз гардида, тибқи талаботи замонавӣ бунёд гардид ва бо таҷҳизот ва асбобҳои замонавӣ муҷаҳҳаз шуда, дорои 55 кат аст ва асосан шӯъбаҳои эҳё ва ҷарроҳии бачагона, утоқҳои кориву ташхисиро фаро гирифтааст. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят барои харидории таҷҳизотҳои зарурии тиббӣ ва дигар лавозимоти зарурӣ ба беморхонахонаи мазкур 141 ҳазор сомонӣ ҷудо намудааст.
Гуфта мешавад, толори варзишии наздимактабӣ дар деҳаи Басманда бо харҷи 250 ҳазор сомонӣ ба тариқи ҳашар аз ҷониби роҳбарияти хоҷагии деҳқонии ба номи Ҳотам Қурбонови деҳаи Басманда, мактаби миёнаи умумии №47 ва аҳолии деҳа сурат гирифтааст.




Ҷашни Меҳргон дар Душанбе чӣ гуна таҷлил гардид?
Дар Душанбе шаҳраки нави саноатӣ ва се корхонаи калон ба истифода дода шуд
Интиқодҳо аз сабқати Асҳоб Тамаев дар Душанбе. Дар Тоҷикистон пойгаи мошинҳо иҷозат аст?
“Як паёмак сабаб шуд”. Додситонии Хатлон бархе ҷузъиёти ба дарё андохтани 4 кӯдак аз сӯи модарашонро шарҳ дод
"Моҳӣ дар шаст” соҳиби Шоҳҷоизаи Синамоҷашнвораи байналмилалии “Тоҷи Сомон” шуд. Боз кӣ ва чӣ ҷоиза гирифт?
Боздошти як нафари дигар бо гумони қаллобӣ дар фурӯши хона дар Душанбе
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи "Киштии Нӯҳ"-и Юнус Юсуфӣ | Қисми 3
Даргузашти Кароматуллоҳи Мирзо, Нависандаи халқии Тоҷикистон дар 83-солагӣ
Нон дар Тоҷикистон чанд сомонӣ аст?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 20 октябри соли 2025
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста