Тайи 4 соли ахир дар минтақаи шимоли кишвар 460 иншооти варзишӣ мавриди истифода қарор гирифт.

Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, муддати 4 соли ахир дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Суғд бо харҷи зиёда аз 175 млн. сомонӣ 460 иншооти варзиши бунёд ва мавриди баҳрбардорӣ қарор дода шуданд.

Ба иттилои манбаъ, тайи солҳои ахир варзишгарони вилоят дар мусобиқаҳои байнулмилалӣ 693 медал, аз ҷумла 161 медали тило, 180 медали нуқра ва 352 медали биринҷӣ ба даст оварданд.